Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорони азиз,
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 30-сол боз ҳамчун неруи тавоно ва пурқувват барои ҳифзи обу хоки кишвари азиз ва ҳимояи Истиқлол хизмати содиқонаву арзанда менамояд. Ин ниҳоди тавоно бо дарки баланди масъулияти касбӣ барои пешгирии ҳар гуна амалу кирдори нопок, ки амният ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекунад, доимо омода мебошад.
Артиш-ин мактаби ҷавонмардист. Ин нишонаи ҷавонмардиро ниёгонамон ба мо мерос гузошта, қаҳрамониҳои бемислу монанди Коваи оҳангару Рустам, Темурмалику Муқаннаъ, Восеъ, Ҳодӣ Кенҷаев ва даҳҳо қаҳрамонҳои мардуми тоҷик гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Муборизаҳои онҳо барои муқаддасоти Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва ин рӯҳияи худшиносӣ имрӯз дар хуни мо ҷорист.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро як пояи давлат ҳисобида, хизмат дар сафҳои онро мактаби ҷавонмардӣ ва нангу номус медонанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон боифтихор таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми кишвар хуб дар ёд доранд, ки Артиши миллӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи андешидани тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳ қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода менамояд. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён вобаста мебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Артиши миллӣ дохил мешавад, савганди ҳарбӣ ёд мекунад. Хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Зеро ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи онҳо гузошта шуда аст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.
Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Артиши миллӣ дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар сокини Тоҷикистон бо иродаи қавии ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ бояд масъулияти аввалиндараҷа дошта бошад.
Мо дар навбати худ вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоем. Пос доштани ватандорӣ ва муқаддасоти он беҳтарин хислати ҷавонмардист.
Дар моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавононе, ки дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат кардаанд кам нестанд. Ин ҷавонон барои ҳифзи марзу буми кишвар, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоишта доимо омода мебошанд. Онҳо ифтихор ва арзандаи таҳсин мебошанд.
Дар ин рӯзи фирӯз, ки 30 – юмин солгарди таъсиси Артиши миллиро таҷлил менамоем, Шумо ва дар симои шумо тамоми хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро табрик намуда, барояшон иродаи матин, донишу маърифати муосир ва садоқату самимият ба халқу Ватанро орзумандам.
Бигузор Артиши миллӣ ҳамчун кафили оромиву осудагӣ ва сулҳу салоҳ пойдору тавоно бимонад!
Маркази матбуот