Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридора оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум баргузор гардид

 11 апрели 2024 сол ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Саридора дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳайати мушовара Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кори ҷаласаро оғоз бахшида, рӯзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода  оид ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар семоҳаи якуми соли 2024 гузориш дод.

Сипас, сардорони КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК “Ташхисгоҳи геологӣ”, ҶСК «Экспедитсияи геофизикии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ», КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ”, КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моѓиён», КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум» ва дигар корхонаву муассисаҳои Саридора  оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон ҳисобот доданд.

Дар кори ҷаласа Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вазъи соҳаро таҳлилу баррасӣ карда, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо супоришҳо дод. Пеш аз ҳама, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, ҷалби мутахассисон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, истифодаи мақсадноки техника, омодагӣ ба оғози корҳои саҳроӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби корӣ барои кормандон, татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда ба роҳбарон ва масъулони соҳа супоришҳои мушаххас дод.

Аз рўи ҳамаи масъалаҳои рўзнома аз ҷониби ҳайати мушовара бо назардоши таклифу пешниҳодҳо Қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Қарори мазкур дар шумораи навбатии рӯзномаи “Ганҷ” нашр карда мешавад.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин