Таъсиси шабакаҳои устувор ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам
Тӯли як ҳафта барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Саридораи геологияи тоҷик ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари шиносоӣ ташкил карда шуд. Ҳадафи боздид таъсиси шабакаҳои устувор ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам маҳсуб меёбад.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода иштирок намуд. Муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода ва сардори Корхонаи воҳидии “Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ” Бобохон Сайдализода ба ҳайати гурӯҳ шомил буданд.
Дар доираи сафар мулоқоти ҳайти Тоҷикистон бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Ҷонибҳо доир ба густариши муносибат миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти робитаҳо дар низоми ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ баён доштанд. Таъкид шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди ин ду мақомот сол аз сол рушд меёбад.
Дар баробари намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муовини якуми сардори Саридораи геология Исомуддин Холзода дар бораи тадқиқоти равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ, ки дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Саридора гузаронида шудааст, маълумот дод.
Зикр гардид, ки бо дарназардошти шароити табиӣ ва геологӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳар сол равандҳои назарраси экзогенӣ-геологӣ, ки ба хоҷагии халқ ва вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ зарари зиёд мерасонанд, ба қайд гирифта мешаванд.
Дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2016-2030 тадқиқоти равандҳои экзогенӣ-геологӣ- ярч, резиши ҷинсҳои кӯҳӣ, сел ва обхезиҳо, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо аз самтҳои афзалиятноки Саридораи геология ба шумор меравад.
Бо мақсади тадқиқотҳои муҳандисӣ–геологии минтақаҳо, ки зери таъсири равандҳои хатарноки экзогенӣ–геологӣ қарор доранд, дар Саридораи геология «Хадамоти мушоҳидавӣ» таъсис дода шудааст.
Мутахассисон дар асоси дархостҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳамасола дар ҷойҳои муайяншуда муоина гузаронида хулоса пешниҳод менамояд. Дар оянда низ барои бурдани корҳои пеширикунандаю огоҳонии аҳолӣ ва паст кардани хавфи офатҳои таббиӣ мутахассисони Саридора фаъолона иштирок менамоянд.
Тибқи барномаи сафар, ба ҳайати Тоҷикистон дар бораи фаъолият ва имкониятҳои моддиву техникии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Узбекистон маълумот дода шуд. Дар идома ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти ниҳодҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла Институти илмию тадқиқотии бехатарии аз сӯхтори ҳолатҳои фавқулода, заминаи таълимию моддии Академияи Вазорати мазкур, Институти мудофиаи шаҳрвандии Академия, ташхисгоҳҳо, Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Самарқанд шинос шуда, аз техникаи ақибгоҳи таъминоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Узбекистон боздид карданд.
Дар бораи корҳои анҷомдодаи худ, таҳияи суханрониҳо ва омода намудани муаррифии аъзои Платформаи миллӣ тибқи рӯзномаи ҷаласаи пешбинишудаи Платформаи миллӣ ҳисобот доданд.
Ҳамчунин ширкаткунандагон масъалаҳои арзёбии татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари коҳиши хатари офатҳо дар вазорату идораҳо, ки аз ҷониби Дафтари намояндагии СММ оид ба коҳиҳи хатари офатҳо дар Тоҷикистон омода шудааст, ворид намудани тағйирот дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 №632 “Дар бораи тартиб ва ҳаҷми кумакҳои якдаъфаинаи моддӣ ба аҳолии бар асари офатҳои табиии зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуданд
Маркази матбуот