ПАЁМ – ПАЙКИ УМЕД
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз ҳадафҳои созанда ва бунёдкорона мебошад. Он, пеш аз ҳама, ба беҳбудшавии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронида шуда, суханони зерин зикр ёфтаанд: «Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999- ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд». Ҳамзамон, ба хотири идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Пешравӣ ва бузургии ҳар як мамлакат аз насли ояндасози миллат –ҷавонон вобастагии калон дорад. Беҳуда борҳо таъкид нагардидааст, ки тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши ҷавонон гузошта мешавад, ки ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ масъулияти бузург аст. Ин нияту нақшаҳо аз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллати тоҷик заҳмати софдилонаро ба хотири тақвият бахшидан ба иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он талаб менамояд.
Дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва эътиқод намудан ба кору пайкори онҳо рӯҳияи тозае мебахшад. Барои пурсамар намудани фаъолияти минбаъдаи ҷавонон дар роҳи созандагии ватани азизу маҳбубамон, махсусан, зикри ин нуктаҳо аз ҷониби сарвари давлат, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ, бешубҳа ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд».
Мо ҷавононро водор месозад, ки бо азму иродаи қавӣ барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Пешвои муаззами миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ, бо нишон додани самаранокии сазовори эътимоди роҳбари давлат гардем.
Ҳамчунин Пешвои миллат ҳамеша оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса доранд ва зикр намуданд, ки «Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст». Ин аст, ки воқеан ҳам сафи бонувон рӯз то рӯз ба рушди соҳаҳои гуноногуни ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи геология низ зиёд шуда истидааст. Бояд зикр намуд, ки зан-модар ҳамчун тарбиятгари насли наврас боз вазифаи муҳими ҷамъиятиро ба дӯш дорад. Занон имрӯз на танҳо дар соҳаи маърифату тандурустӣ, балки дар тамоми самтҳои рушди иқтисодӣ ва беҳбудии рӯзгори халқи тоҷик саҳмгузор ҳастанд.
Пешвои миллат вобаста ба тағийирёбии иқлим ва бо мақсади анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунии муҳити атроф қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 пешниҳод намуда, ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода шуд, ки барномаи мазкурро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Ҳамзамон, Президенти мамлакат ба Саридораи геология супориш доданд, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд ва ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бояд зикр намуд, ки Паём ҳамагонро вазифадор намуд, ки дар рушду нумӯи ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро гузошта, воқеан ҳам табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем ва ин ҷашни муҳими дар пеш истода-35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.
Мо кормандони КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» низ дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободии ватани азизамон саҳми худро гузошта, ватани азизамонро ба як диёри ободу зебо табдил диҳем.
Шикебо РАҲМОНОВА,
сардори шуъбаи умумии КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум»