Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

«Имкониятҳои нави барномаи Майкромайн MM2023»

18 январ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори  Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ширкати «Micromine PTY LTD» дар Ҷумҳурии Узбекистон чорабинии муштарак дар мавзӯи «Имкониятҳои нави барномаи Майкромайн MM2023» баргузор карда шуд.


Дар чорабинӣ роҳбарият ва мутахассисони дастгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корхонаҳои воҳидии Саридораи геология ва намояндагони корхонаҳои саноати маъдан иштирок намуданд.


Муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода чорабиниро ифтитоҳ намуд. Иброз гардид, ки  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо ба рушди соҳаи геология диққати ҷиддӣ дода, саҳми онро дар болоравии иқтисоди кишвар зарур мешуморад. Бар асоси ин, Ҳукумати кишвар Барномаи давлатии рушди саноати геологӣ барои солҳои 2021-2030-ро қабул кард, ки яке аз вазифаҳои он гузариш тадриҷан ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳисоб кардани захираҳои канданиҳои фоиданок бо истифода аз компютерҳои муосири кӯҳӣ-геологӣ мебошад. Ширкати Mикромайн яке аз таъминкунандагони мустақили ҳалли барномаҳо барои саноати кӯҳӣ мебошад.


Соли гузашта Саридораи геологияи кишвар якҷоя бо ширкати «Микромайн» рӯзҳои 4-5 август дар шаҳри Душанбе 5-умин Конфронси байналмилалии истифодабарандагони микроминро баргузор намуд, ки дар он намояндагони соҳаи геологии бисёр кишварҳо, ки таҷрибаи ғании арзёбӣ ва омӯзиши канданиҳои фоиданок доранд, ширкат варзиданд. Чорабинии имрўза низ барои  табодули донишу таҷрибаи пешқадам заминаи мусоид фароҳам  меорад ва барои таҳияи равишҳои умумӣ ба ҳалли проблемаҳои геологӣ платформаи муносиб хоҳад гузошт.
Дар чорабиии мазкур директори Ширкати «Майкромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров ва намояндагони ширкати «Micromine PTY LTD»  аз Осиёи Марказӣ  сухан карданд.  


Ҳамзамон, 70 нафар мутахасисиони соҳаи геология дар кори он ширкат варзиданд. Дар охири кор  саволу чавоб байни мутахасисон ва намояндагони ширкти «Micromine PTY LTD» доир шуд ва иштирокчиён ба маводҳои чопии барнома дастрас карда шуданд.  
Маркази матбуот

Хабарҳои охирин