Паёми шодбошии сардори Саридораи геология бахшида ба Рӯзи Истиқлол
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо нерӯи баланди созандагӣ 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои нодир ва рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.
Истиқлол, пеш аз ҳама, худшиносии миллат ва озоди инсонро ифода менамояд. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки соҳиби давлати мустақил буда, дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муайянро доро мебошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолро азизтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номида, таъкид карданд, ки: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Миллати тоҷик дар зарфи 33 - сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқ назири худро надоранд.
Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, эҳёи расму ойин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боѓи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ѓайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги мошингарду роҳи оҳан дар саросари кишвар аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омаданд.
Ба туфайли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, тиб, фарҳанг ва дигар соҳаҳо пирӯзиҳо ба даст омаданд.
Соҳаи геологияи кишвар низ тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбарияти сиёсии давлат ҷиҳати рушди соҳаи саноати кӯҳкорӣ, кашфу истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва мавриди татбиқ қарор гирифтани барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Геологҳои ҷумҳурӣ дар амалисозии чандин лоиҳаҳои иктишофӣ-геологӣ ҳисса гузошта, захираҳои зиёди конҳои намудҳои гуногуни ашёи минералӣ, аз қабили тилло, нуқра, сурбу руҳ, қалъагӣ, фосфорит, ангишт, оҳаксанг, мармар, гаҷсанг, кварс ва регу шағалро ба хазинаи давлат барои истифода супориданд.
Хушбахтона, сол то сол афзудани маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои корҳои геологӣ, беш аз пеш ба боигариҳои зеризаминии кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир намудани сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба пешрафти соҳаи геология мусоидат карда истодааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст. Конҳои мавҷуда ва зуҳуроти кашфгардида, дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дастовардҳои кишвар дар 33- соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳо дахл доранд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кутоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд.
Дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Набояд фаромуш кард, ки дар ин даврони ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза мо ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дошта, барои ҳифзи Истиқлол ва дастовардҳои он масъулияти калонеро бар дӯш дорем.
Бигзор, ҷашни муқаддаси Истиқлол барои кишвари маҳбубамон сулҳу салоҳ ва ба аҳли хонадони Шумо ва кормандонатон тани сиҳат ва комёбиҳо оварад.
Ҷашни Истиқлол муборак!