Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Рушди ҳамкорӣ бо “Polymetal International plc”-и Қазоқистон

Масъалаҳои ҳамкории судманд дар самти омӯзиши геологӣ, зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок дар мулоқоти ҳайатҳои васеи Саридораи геология ва намояндагони ширкати “Polymetal international plc”-и Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ширкати “Polymetal international plc” дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва берун аз он ба омӯзиш ва коркарди маъданҳои тилло ва нуқра машғул аст. Ширкат аз соли 2022 аз рӯи истихроҷи тилло дар ҷаҳон дар ҷойи даҳум ва аз рӯи истихроҷи нуқра дар ҷойи панҷум қарор дорад.

Нахуст Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба фаъолияти саридора, санадҳои меъёриву ҳуқуқии истифодаи қаъри замин оид ба омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар пешниҳод кард.

Директори иҷроия ва узви Шурои директорони ширкати “Polymetal international plc” Виталий Несис доир ба ҳамкории босамар дар самти омӯзиши зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок андешаронӣ кард.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин