Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 1 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми баргузории санҷишҳо 419 ҳолати қонуншиканӣ марбут ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Соли гузашта дар ин давра 416 ҳолати вайрон намудани қонуни танзим аз сӯи шаҳрвандон сабт шуда буд. Аз шумораи умумии қонуншиканиҳо дар самти риояи накардани қонуни танзими анъана 61 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 116 ҳолат дар Суғд, 142 ҳолат дар Хатлон, 52 ҳолат дар Бадахшон ва 85 ҳолат дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ошкор гардидаанд.

Сулаймон Давлатзода афзуд, ки дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷараёни баргузории 12 ҳазору 475 маърака санҷида шудааст, ки аз он қариб се ҳазор ба шаҳри Душанбе, ду ҳазор ба вилояти Суғд, 3 ҳазору 741-то ба Хатлон, 52 санҷиш ба Бадахшон ва 3 ҳазору 797 санҷиш ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол муқаддам- 8 июни соли 2007 қабул гардида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ба шумор меравад. Самти дигари қонун ҳамзамон ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки соли равон бо мақсади дастгирии ниёзмандон дар ҷомеа ҳамзамон хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 165 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд тариқи дастҷамъона гузаронида шудааст.

Хабарҳои охирин