Табрикоти Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рўзи ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони азиз!
Шуморо бо фарорасии ҷашни бузурги миллатамон, 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки барои ҳар як тоҷик бозёфти нодир ва арзишманд маҳсуб мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ ва комёбиҳои беназирро орзу мекунам.
Ин ҷашни пурарзиш дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик саҳифаи нав кушода, барои наслҳои оянда аз рӯзгори гузашта паём медиҳад. 27 июни соли 1997, ки дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ин рӯз барои миллати мо муборак омад, зеро ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузошт.
Бахт ба рӯи миллати мо хандид, зеро ба сари давлати мо марди фархундапай омад, ки тавонист ватани азизи моро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Тавассути донишу хиради азалӣ ин абармарди сиёсат дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки: «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем».
Дар ҳақиқат, сулҳу субот дар ҷумҳурии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин лиҳоз, барои ҳифзи амнияти мамлакат бояд ҳар як фарди худшиносу солимфикр дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ваҳдати миллиро таҳким бахшему баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ талош намоем.
Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз гардишу таҳаввулоти азимеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон дар пай дорад, зеро сулҳу ваҳдат унсури муҳими худшиносии миллии тоҷикон ва василаи ташаккули ҳувияти миллӣ гардид. Ин санади тақдирсоз ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оѓози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.
Дар бораи аҳамияти ин санади тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибистихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дарҷ ёфта, барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, сиёсату иқтисодиёт, тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.
Дар соҳаи геология, ки яке аз равандҳои асосии саноатикунонии кишвар ба шумор меравад, дастовардҳои назаррас низ ба даст омаданд. Барномаҳои тарҳрезигардидаи давлатӣ ҳидоятгари онанд, ки кору пайкор дар соҳаи геология пурзуртар гардида, истифодаи технологияи муосир ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, тарбияи кадрҳои нав ва боло рафтани масъулиятнокӣ дар ҷои аввал меистад.
Таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва таҳкими давлати миллӣ вазифаи муқаддас мебошад. Мо бояд истиқлолу амнияти сарзамини аҷдодиро ҳифз намоем ва масъулияти хешро дар назди наслҳои оянда дарк кунем.
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз бори дигар шуморо бо фарорасии Рўзи Ваҳдат – ваҳдати халалнопазир, фарогир ва абадию ҷовидонаи мардуми Тоҷикистон табрик ва муборакбод гуфта, аз якояки шумо даъват менамоям, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди таърихии миллат ҳифз намоед, ба пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми худро гузоред.
Бори дигар Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак!