Манфиатнокии сармоягузорӣ
Аз 21 то 25 сентябри соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми иқтисодии АвруОсиё-2023 доир гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода иштирок ва суханронӣ кард.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иктишофи геологӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти мамлакат яке аз муҳимтарин самтҳои пурқувват гардидани истиқлолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҷалби сармояи хориҷӣ аз манфиат холӣ нест.
Имрӯз кормандони соҳаи геология дар асоси “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” фаъолият намуда, омӯзиши геологии қаламрави Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи конҳои металлҳои ранга, сиёҳ ва гаронбаҳо, ашёи хоми радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи бинокориро ба роҳ монда, пешрафти соҳаҳои афзалиятноки саноати маъдани кишварро бо ашёи минералии ватанӣ таъмин менамоянд.
Барои таъмини пешрафти иқтисодии кишвар ва рушди муносибатҳои бозорӣ механизмҳое лозиманд, ки ба эҷоди манфиатҳои мутақобилан судманди давлат ва сармоягузор мусоидат кунанд. Инчунин, барои баланд бардоштани манфиатнокиии сармоягузорӣ такмил додани шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ зарур аст.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёд, аз қабили ҶДММ «Зарафшон», ҶДММ «Пакрут», ҶД «Апрелевка», ҶСК «Талко Голд», ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ғайра фаъолияти самаранок мебаранд. Дар ин ҷода ҳануз корҳо бисёранд. Натиҷаҳои корҳои ҷустуҷӯи геологӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фонди конҳои нав кашфшуда то ҳол тамом нашудааст. Дар қаъри замин навъҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ҳануз зиёданд.
Дар доираи Созишномаи ҳамкории Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Чин оид ба гузаронидани корҳои муштарак ҷиҳати омӯзиши геологии минтақаҳои наздисарҳадӣ лоиҳаи «Тадқиқоти геохимиявӣ дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 25 ноябри соли 2010) байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Сиани Хадамоти геологии Чин амалӣ карда шуд.
Бо назардошти ба даст овардани натиҷаҳои мусбат дар лоиҳаи мазкур ва аҳамияти ҳамкории байналмилалии судманди илмию техникӣ, ҳавасмандгардонии рушди устувори саноати кӯҳӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули иттилоот лоиҳаи «Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологияи назди Вазорати захираҳои табии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илми заминшиносӣ» байни ҷонибҳо таҳия ва мувофиқа карда шуд, ки дар арафаи баимзорасӣ аст.
Ҳайати кории Саридораи геология барои мукаммалсозии Созишномаи нав оид ба ҳамкорӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Маркази Сиании Хадамоти геологии Чин дар соҳаи илми заминшиносӣ дар мавзӯи «Омӯзиши дақиқи аномалияҳои геохимиявии қаблан ошкоршуда ва арзёбии қонуниятҳои ҷойгиршавии кону зуҳуротҳои канданиҳои фоиданок дар камарбанди металлогении Помиру Тиёншон» мулоқотҳо анҷом дод.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия дар доираи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Дар чаҳорчӯбаи ин Шуро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 лоиҳа аз рӯи панҷ самт, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами соҳаи геология дар марҳилаи кунунӣ, бахусус арзёбӣ, пешгӯии конҳои канданиҳои фоиданок ва моделсозии онҳо барои коркард нишон дода шудаанд, ширкат меварзад.
Дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Нақшаи дурнамои корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2030» (9 ноябри соли 2022) «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки чунин ҳамкорӣ бо Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон низ хуб ба роҳ монда шуда, дар асоси созишномаҳо корҳо амалӣ мегарданд.
Ҳамаи ин корҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷалби сармояи хориҷӣ рӯз то рӯз бештар гардида, барои боло рафтани нерӯи иқтисодии кишвар мусоидат мекунанд.
Дар ҳайати Тоҷикистон инчунин сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ Миралӣ Ташрипов, сардори шуъбаи геология Мухтор Фозилзода, сардори шуъбаи иқтисодии Саридораи геология Олимшо Аслонзода шомил буданд.
Маркази матбуот