Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.
Табрикоти Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945)
 
Муҳтарам, ҳамкасбон ва ҳамкорони азиз!
Шуморо ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл ва дар маҷмӯъ, ҳастӣ бар нестӣ мебошад, табрик мегӯям.
Имрӯз мо дар арафаи 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қарор дорем ва хуб медонем, ки он дар зарфи панҷ сол (1941-1945) амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шӯравиро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт. Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат наафтодани мардуми Шӯравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизм таҳдид мекард, қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Шиорҳои асосӣ ва саросарӣ дар он замон “Ҳама ба фронт, ба ҳифзи Модар – Ватан”, “Ватан - Модар даъват мекунад” буданд. Ин шиорҳо тавонистанд, ки дар миқёси табақаҳои мухталифи ҷомеаи Шуравӣ, аз он ҷумла мардуми заҳматқарини Тоҷикистон оташу қаҳру ғазабро бар зидди истилогарон афзун сохта, раванди мубориза бар зидди фашизмро вусъати тоза бахшанд.
Дар маҷмуъ, дар муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуда, фидокорию ҷонбозиҳо кардаанд. Дар набардҳои ин ҷанг зиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ як озмоиши ахлоқии халқҳои Шӯравӣ буд, ки дар ин мубориза қудрати ахлоқиву маънавии миллатҳо собит шуд.
Мо бояд ба он қаҳрамонҳое, ки зиндагии орому осоиштаи моро таъмин карданд, арҷ гузорем, хотираи онҳоро пос дорем. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми заҳматкашони ақибгоҳ, аз ҷумла занону кӯдакон, ки бо меҳнати хеш ғалабаро дастгирӣ карданд, низ кам нест. Дар шароити душвор онҳо бо сабр, меҳнат ва умед шабу рӯз кор карданд, ки албатта, ин ҳам қаҳрамонӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ғалаба бар фашизм таъкид намудаанд: «Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.
Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд».
Рӯзи Ғалаба ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳ арзишманд аст, ва онро бояд пос дошт. Ин рӯз ба насли ҷавон имконият медиҳад, ки қаҳрамонии аҷдодони худро фаромӯш накунанд ва аз таърихи гузашта сабақ омӯзанд. Дар ҷаҳони муосир, ки дар баъзе аз давлатҳо хатари ҷанг ва низоъҳо зиёд шудаанд, мо бояд ҳамеша барои сулҳ талош варзем, ва дар дили худ эҳтиром ба онҳое дошта бошем, ки барои осоиштагии мо ҷони худро нисор карданд.
Рӯзи Ғалаба рӯзи андеша, ёдоварӣ ва миннатдорӣ аст. Моро зарур аст, ки бо ваҳдат, дӯстӣ ва эҳтиром ба таърих зиндагӣ кунем, то сулҳу суботро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем.
Дар ин рӯз мо на танҳо хотираи гузаштагонро киромӣ медорем, балки ба худ савганд ёд мекунем, ки сулҳи бадастомадаро ҳифз мекунем. Зеро сулҳ натиҷаи фидокории беандозаи садҳо ҳазор нафар қаҳрамон аст.
Бо ифтихор ва эҳтироми бузург ҳамаи Шумоён ҳамкорони азизро ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик менамоям.
Бигзор, хотираи шаҳидони ҷанг ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ монад, ва бигзор, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва пешрафти илм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон бошад!
Маркази матбуот
Хабарҳои охирин