Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Паём  дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ  дар самти сиёсати дохиливу хориҷӣ маҳсуб мешавад

29 декабри соли 2023 кормандони Саридораи геология аз ҷумла, муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода,  сардорони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳои зерсохтор, аз ҷумла Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» пахши мустақими ҷараёни Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастаҷамъона тамошо карданд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Президенти мамлакат, аз ҷумла, доир ба паёмадҳои манфии  тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст.
“Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд”, - илова намуданд Президенти мамлакат.


Дар робита ба ин, Роҳбари давлат ба Саридораи геология супориш доданд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода шуд, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд.
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав ва Саридораи геология вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Кормандони Саридораи геология дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ карда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар амал татбиқ менамоянд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин