Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Дар Шурои илмӣ-техникӣ Атласи равандҳои экзогениву геологӣ баррасӣ шуд

26 сентябр тањти раёсати раиси Шурои илмӣ-техникӣ /ШИТ/, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-техникӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа чор масъала, аз ҷумла Атласи равандҳои экзогениву геологии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзнома мутахассион ва геологон маърӯза карданд.

Пас аз баррасии масъалаҳо Шурои илмӣ-техникии Саридора қарорҳои дахлдор қабул кард.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, ки: «Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Дар робита ба ин, Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд».

Бо мақсади иҷрои супориши дар Паём омада якчанд маротиба ҷаласаи Шурои илмӣ-техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар шуро нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳайати таҳририя аз ҳисоби узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессорон, номзадҳои илм, ходимони илмӣ ва мутахасиссони соҳа аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар сохторҳо интихоб ва тасдиқ гардид.

Ҳайати мазкур ба се гурӯҳи корӣ ҷудо шуда, вобаста ба супоришҳои мушаххас фаъолият карда истодаанд. Инчунин мундариҷаи атлас пешниҳод ва қабул гардид. Ҳайати таҳририя ҳар моҳ як маротиба ҷаласа доир карда, корҳои иҷрогардидаро баррасӣ мекунад.

Дар ин давра дар самти омӯзиш ва мушоҳидабарии равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ гуруҳи махсуси «Умури давлатӣ оид ба мушоҳидаи равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ» ташкил карда шудааст. Дар ин ҷода корхонаҳои “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” ва “Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ” аз соли 1970 инҷониб вобаста ба вазифаҳои муаяйншуда фаъолият доранд.

Ҳамзамон, аз моҳи октябри соли 2017 дар бинои Саридораи геология Маркази равандҳои экзогенӣ-геологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони КВ «Экспедитсияи гидрогеологии Ҷанубӣ» ба омӯзиш, баҳодиҳии равандҳои экзогенӣ-геологӣ ва бартарафкунии онҳо машғуланд. Ҳадафи асосӣ паст кардани хавфу хатарҳои табиии пешбинишуда ва ҷалб намудани корхонаҳои давлатӣ ва ғайри давлатии дар самти равандҳои экзогенӣ-геологӣ фаъолият дошта, барои фаъ­олияти муштарак оид ба мубодилаи маълумот мебошад.

Дар марказ аз рӯи маълумоти мавҷудбуда, манбаи маълумоти Равандҳои экзогенӣ-геологӣ тартиб дода шуда, нақшаи раванди ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор таҳия гардидааст.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин