Таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геология
Имрӯз, 22-юми ноябр дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиби шинохтаю сермаҳсул ва нависандаи маъруфи тоҷик Равшан Махсумзод иштирок ва маърӯза кард.
Зикр гардид, ки Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолии давлат инъикос меёбанд.
Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.
Маркази матбуот