Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

“Иқтидори металлҳои нодири Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушд”

Дар шаҳри Тошканд дуюмин Анҷуман ва намоиши баймалмилалии “Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он аз Тоҷикистон сардори шуъбаи геологияи Саридораи геология Мухтор Фозилзода иштирок ва маърӯза кард.

Ҳадаф аз баргузории Анҷуман ва намоиши баймалмилалии “Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ” рушди саноати кӯҳии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буда, иштирокдорон доир ба иқтидори рушди саноати кӯҳкорӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва соҳавӣ, истифодаи техникаву технологияи муосир барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сармоягузории рушди минбаъда ва масъалаҳои дигари соҳавӣ табодули афкор намуданд.

Сардори шуъбаи геологияи Саридораи геология Мухтор Фозилзода дар мавзӯи “Иқтидори металлҳои нодири Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои рушд” маърӯза кард.

Дар чорабинӣ зиёда аз 170 коршиносу мутахассиси соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ аз 11 давлати ҷаҳон ширкат варзид.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин