Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд

8 декабр ба муносибати иди касбӣ-Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, дар Саридораи геология ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаро ба иди касбӣ табрик гуфта, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо — боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошанд. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо ва бисёр намудҳои дигари сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки ин натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳои тоҷик мебошад.


Геология, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибати аз нигоҳи илмӣ асоснок, оқилонаю дурандешонаи геологҳо гувоҳӣ медиҳад. 
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати рушди соҳаи саноати кӯҳкорӣ, кашфу истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда, дар баробари ин барномаҳои давлатии соҳавӣ низ мавриди татбиқ қарор гирифт.  
Дар натиҷа пешрафти соҳа таъмин гардида, раванди корҳои геологӣ-ҷустуҷӯйӣ ва иктишофӣ сифатан ба марҳилаи нав расонида шуд.    
Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст. Конҳои мавҷуда ва зуҳуроти кашфгардида, дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ѓайримаъданӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ аҳамияти муҳим дорад.  
Имрӯз кишвари мо мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводҳои аграриву сохтмонӣ, сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ ба ҳисоб меравад. Истихроҷу коркард ва истеҳсоли онҳо рӯз то рӯз беҳтар гардида,  ҷавобгӯи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ мебошанд. Қадамҳои устувори геологҳои кишвар дар ин ҷода эътимодбахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба масъалаи ба таври васеъ ба роҳ мондани коркард ва истеҳсоли сангҳои ороишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  масъулони соҳаро ҷиҳати дар оянда истифода намудани имкониятҳои табии Тоҷикистон ва аз он истеҳсол намудани навъҳои мухталифи маҳсулоти ивазкунандаи воридот  вазифадор намуданд.  
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда 500 кон ва зуҳуроти сангҳои ранга мавҷуд аст, ки истихроҷ ва коркарди он метавонад омили рушди соҳаи саноати кӯҳкорӣ гардад. Имрӯз мо бояд тамоми имкониятро  истифода намоем, ки иктишоф ва коркарди сангҳои ороиширо дар кишвар хуб ба роҳ монем. Ин боигарии ҳар якеи мост.


Барои амалисозии  вазифаҳои дар пешгузошта роҳбарияти Саридора чораҷӯиҳои муҳимро доир ба таҷҳизонидани соҳа бо асбобҳо ва воситаҳои техникӣ-замонавӣ, нисбати тайёр кардани мутахассисон барои эҳтиёҷи соҳа амалӣ намуда истодааст. 
Ҳадаф ва мароми геологҳои тоҷик баланд бардоштани корҳои ҷустуҷуи геологӣ ва муайянсозии сарватҳои бои зеризаминӣ ва истифодаи самараноки техника ва технологияи нав мебошад.
Дар фарҷом барои фаъолияти пусамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти соҳаи геология ва ба ифтихори иди касбӣ-Рӯзи геологҳо як зумра кормандон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардиданд. 


Маркази матбуот

Хабарҳои охирин