Дар Саридораи геология бо истифодабарандагони қаъри замин ҷаласа баргузор гардид
Имрӯз, 15 июл дар Саридораи геология ҷаласа бо иштироки истифодабарандагони қаъри замин доир гардид, ки дар он рафти иҷрои омӯзиши геологӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардори Саридора, муовинон, сардорони шуъбаҳои геология, иқтисодӣ, назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологии Дастгоҳи марказӣ, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захирањои канданиҳои фоиданок ва Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистон, роҳбарон ва шахсони масъул аз корхонаҳои дорои иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин барои омӯзиши геологӣ иштирок карданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд додани соҳаи геология мунтазам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар суханрониҳо ва Паёмҳои худ таъкид намуданд, ки «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оиди коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металлҳои ранга ва сангҳои кимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». Сарвари давлат дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамчунин дар бораи тақвияти корҳои омӯзиши геологӣ ишора карданд.
Саридораи геология таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дарк намуда, тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ самаранокии корҳои иктишофи геологиро баланд бардошта, захираҳои кашфшудаи ашёи минералии мамлакатро афзун намояд.
Сипас, истифодабарандагони қаъри замин доир ба вазъ ва натиҷаи фаъолияташон ибрози андеша карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар якҷоягӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши геологӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода кардани конҳои канданиҳои фоиданоки кишвар кӯшиш ба харҷ дода, дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назарраси худро мегузоранд.
Маркази матбуот