Фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст), амалӣ намуд.
Зерсохторҳои саридора корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ (16,141 млн. сомонӣ) аз рӯи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир ва нодирзаминӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд. Дар ин давра корҳои шартномавӣ аз рӯи 207 лоиҳа ба маблағи 23,48 млн. сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 152,2 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 39,47 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2021 - 12,54 млн. сомонӣ зиёд ба иҷро расонида шуд, ки суръати афзоиш 147 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2022 Саридора ба маблағи 11,06 млн. сомонӣ ба буҷет андоз супоридааст, ки ин нисбат ба соли 2021 – 2,87 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Соли сипаришуда зерсохторҳои Саридора намуд ва ҳаҷми зерини корҳои иктишофи геологиро, аз қабили:
— гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ- 941,6 км
— корҳои ҷустуҷӯию литохимиявӣ – 3040 маҳак; таҳлилҳои спектралӣ, тиллоспектралӣ, рентгенӣ-спектралӣ, химиявӣ, ҷазби атомӣ ва пробирӣ – 6335 маҳак;
— гузаштани хандақ – 5755,7 м3;
— тоза намудани хандақҳои пешина – 1105,16 м3;
— пур кардани хандақ – 2419 м3;
— кофтани шурфҳо - 17,6 м.т.;
— пуркунии шурфҳо - 16 м3;
— аксбардории топографӣ - 300,17 км2,
— аксбардории геологӣ -1,99 км2,
— аксбардории гамма-спектрометрӣ - 1000 нуқта,
— иктишофи магнитӣ – 3,0 км2, хатсайри иктишофи магнитӣ - 36 000 м.т.;
— корҳои нақбканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо –193 м3,
— маҳакбардорӣ ва коркарди онҳо - 6075 маҳак,
— сохтмон ва барқароркунии роҳ - 4613 м3,
— омодасозии майдончаҳои пармакунӣ - 217 м3,
— пармакунии пармачоҳҳо - 844 м.т. ва ғайраро анҷом доданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани иҷрои банди 3-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 ноябри соли 2019, №600) “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ва бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти шахсони дорои иҷозатдошта соли ҷорӣ 13 қитъаи нави тиллои пошхӯрда бо масофаи умумии 52,5 км дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шамсиддин Шоҳин ҷудо карда шуд. Қитъаҳои мазкур барои истихроҷ бо усули худфаъолу худбиёр ба Вазорати молия пешниҳод карда шуд.
Соли сипаришуда аз рӯйи самти корҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар объекти “Кадастри давлатии об” аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридораи геология мушоҳидаҳои аввала дар 60 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавӣ дар 147 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 397 обанбор иҷро гардида, 476 маҳак гирифташуда аз ташхиси кимиёвӣ гузаронида шуд.
Мутобиқи лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳида аз рӯи равандҳои хатарноки экзогенӣ-геологӣ” тибқи нақша ва дархостҳо дар 652 деҳа, маҳалла ва шаҳраки ҳудуди ҷумҳурӣ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидани 291 хоҷагӣ, пешниҳод дода шуд.
Соли сипаришуда аз рӯи лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади бо оби нушокӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар НТҶ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд”, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Расулов як пармачоҳ то жарфи 80 м, дар МТМУ №9-и ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ як пармачоҳ то жарфи 100 м, дар деҳаи Ҷетергани ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара як пармачоҳ то жарфи 60,0 м, дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ барои бо об таъмин намудани мактаби №54 ва бунгоҳи тиббӣ 100 м, дар ноҳияи Дӯстӣ барои беморхонаи марказӣ 20 м, дар назди МТМУ №2-и ҳамин ноҳия 20 м пармачоҳ парма карда шуд.
Курсҳои омӯзишии “Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-и Саридораро дар маҷмӯъ 237 нафар бо ихтисосҳои пармагари пармачоҳҳо - 23 нафар; топогеодезия ва корҳои маркшейдерӣ - 23 нафар; ҳуқуқи роҳбарӣ ба амалиётҳои пармагарию таркишӣ - 29 нафар; устои кӯҳӣ, коркарди корҳои кушода - 18 нафар; устои кӯҳӣ, коркарди корҳои зеризаминӣ - 41 нафар; таркишгарон - 42 нафар; нақбкан - 20 нафар; сементкор - 17 нафар; кафшергар – 10 нафар; гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ - 4 нафар; аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок – 8 нафар; усулҳои геофизикӣ – 2 нафар хатм намуданд. Машғулиятҳои касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар корхонаҳои воҳидии Саридора гузаронида шуданд. Соли 2022 дар якҷоягӣ бо КДЗ омӯзиши барномаи компютерии Макромайн ба роҳ монда шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар Саридораи геология ва корхонаҳои зертобеъ 700 кормандон (хизматчиёни давлатӣ 37 нафар) кор мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 102 нафар, мутахассисон 283 нафар ва коргарон 315 нафарро ташкил медиҳанд. Дар байни кормандони соҳа 334 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 13 маълумоти олии нопурра, 136 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 217 нафар маълумоти миёна мебошад.
Дар соҳа 192 зан фаъолият мекунанд, ки аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 24 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии занҳо 55 нафар дорои маълумоти олӣ ва 137 нафар дорои маълумоти олии нопурра, миёнаи махсус, миёна ва миёнаи нопурра мебошад.
Шумораи мутахассисони ҷавони то 35 сола 231 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 60 нафар зан мебошад.
Соли сипаришуда тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии Саридора, мулоқоту сафарҳои роҳбарият ва кормандони Саридора, дастовард ва мушкилоти соҳаи геология дар матбуоти даврӣ ва ВАО сари вақт инъикос шуданд. Ҳамзамон дар ин давра дар асоси муроҷиати хативу шифоҳии намояндагони радиову телевизион ва матбуоти даврӣ 25 маротиба кормандони Саридора ва сохторҳои тобеи он дар радиову телевизион ва матбуоти даврӣ баромаду суханронӣ карданд. Иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар тамоми чорабинӣ ва ҷамъомадҳои тантанавии Саридора (18 чорабинӣ) бахшида ба идҳои расмӣ таъмин карда шуд ва ҳамаи онҳо тавассути матбуоти даврӣ ва ВАО пахш гардиданд.
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯйи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар соли сипаришуда ягон ҳодисаи нохуш, вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 90 мавод, аз он ҷумла,
45 лоиҳа ва 45 ҳисобот баррасӣ карда шуд.
Соли сипаришуда ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 мавод, аз ҷумла, ҳисоботҳои геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул - 44 адад, кандании фоиданоки маъданӣ - 3 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо - 5 ҳисобот, азнавбаҳодиҳии захираҳо - 1 адад ворид гардид.
Дар асоси ҳисоботҳои аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб, руҳ, андезит, оҳаксанг, хок ва омехтаи регу шағал ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Саридора геология соли 2022 бо 78 ширкат Шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ки дар он бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 269,79 млн. сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 59,29 ҳаз. сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 269,85 млн. сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расонид.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Саридора бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-5 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе “Конференсияи панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine” баргузор гардид, ки оид ба имконияти истифодабарии барномаҳои Micromine дар мисоли корхонаҳои саноати кӯҳии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Россия ва Австралия табодули афкор намуданд.
Саридораи геология 22-23 сентябри соли 2022, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри заминро баргузор намуд.
10 ноябри соли 2022 дар доираи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Россия ва Тоҷикистон байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин барои солҳои 2023-2025” ба имзо расонида шуда, корҳои банақшагирифташуда дар доираи барномаи мазкур аз соли 2023 оғоз мегарданд.
Кормандони Саридора баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанамон минбаъд, низ кӯшишу ғайрат мекунанд.
Роҳбарият:
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон
Муовини якуми сардор
Холзода Исомуддин Гул
Муовини сардор
Ализода Алимаҳмуд Ғаффор.
Телефон: 221-84-66; 888-08-34-16.