Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Саридораи геология доир гардид
Имрӯз, 10-уми январи соли 2025 дар Саридораи геология ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти саридора дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Саридораи геология, муовинони сардор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин, сармутахассиси раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода иштирок кард.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оғоз карда, сипас раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, сардорони КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ», КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ”, ҶСК «Экспедитсияи геофизикии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», ҶСК “Ташхисгоҳи геологӣ”, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моѓиён», КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», МД рӯзномаи «Ганҷ», МД «Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2025 ҳисобот дода, пешниҳодҳои хешро баён намуданд.
Сармутахассиси раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода вазъи соҳаро таҳлилу баррасӣ карда, нишондиҳандаҳои фаъолияти саридораро дар соли 2024 хуб баҳогузорӣ намуд. Дар баробари ин, оид ба рушди соҳаи геология тавсеаҳои судманд манзур кард.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори ҷаласаи ҳайати мушовара қабул гардид.
Доир ба рафти ҷаласа дар нашрияи Рӯзномаи «Ганҷ» маълумоти муфассал дода мешавад.
Маркази матбуот