Паёми шодбошии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ
Ҳамкорони азиз,
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун неруи тавонову пурқувват барои ҳифзи обу хоку кишвари азиз шабу рӯз истодагарӣ менамояд, 31 сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат шумо ва дар симои шумо тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунанд, сидқан табрик мегӯям.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳидоят ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ниҳод ба як қувваи тавоно ва бузурге табдил ёфта, марзу буми сарзамини аҷдодиро бо ҳисси баланди миллӣ ҳимоя карда истодаанд.
Ин ниҳоди тавоно аз дуриҳои дур сарчашма гирифта, таҷассумгари мактаби мардонагии Коваи оҳангару Рустам, Темурмалику Муқаннаъ, Восеъ ва даҳҳо дигарон ба ҳисоб меравад. Мактабест, ки рӯз аз рӯз неруманду мустаҳкам гардида, хислатҳои ҷавонмардию чолокӣ, ҳушёрӣ, худшиносию ҷавонмардӣ асоси онро ташкил медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар шаҳрванд аст ва ин суханон дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарҷ ёфтаанд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.
Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми он буда, вазифаи ҳар шаҳрванд афзун намудани дастовардҳои Истиқлол ва таҳкими рукнҳои давлатдорист. Имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот ва осоиштагии мардум, ки ҷавҳари асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб мераванд, бояд бо тамоми ҳастӣ муҳофизат гарданд ва Артиши миллӣ ягона муҳофизи ин марзу бум мебошанд.
Дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён вобаст амебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Артиши миллӣ дохил мешавад, савганди ҳарбӣ ёд мекунад. Хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоем. Пос доштани ватандорӣ ва муқаддасоти он беҳтарин хислати ҷавонмардист. “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст» - омадааст дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯзҳо мо бо он ифтихор дорем, ки шумораи зиёди ҷавонон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат карда, барои ҳифзи марзу буми кишвар доимо омода мебошанд.
Дар ин рӯзи фирӯз, ки ба таъсёбии Артиши миллӣ, ки 31- сол пур мешавад, шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳат, дили беѓам ва хотири ҷамъ орзумандам.
Бигзор Артиши миллӣ ҳамчун кафили оромиву осудагӣ ва сулҳу салоҳ пойдору тавоно бимонад!
23.02.2024