Байни мақомоти геологияи Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар доираи Форуми байналмилалӣ оид ба маъданҳои муҳим - INFOCM 2025, ки 12-уми майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ гардид, байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институт оид ба илми Замин ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ин санади муҳимро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва аз ҷониби Корея президенти Институт оид ба илми Замин ва захираҳои минералии Ҷумҳурии Корея доктор Пёнг Ку Ли ба имзо расониданд.
Дар доираи ин санад минбаъд ҳарду ҷониб дар самти тасвирбардории геологӣ ва харитасозии геологӣ; тадқиқоти геохимиявӣ ва геофизикии конҳои канданиҳои фоиданок; тадқиқоти геофизикӣ барои баҳодиҳии захираҳои геологӣ; тадқиқот оид ба муайян кардани нишондиҳандаҳои иктишофӣ ва пайдоиши маъданҳои муҳим; тадқиқоти минералогӣ барои минералҳои муҳим ва стратегӣ; тадқиқи муҳити зисти обҳои зеризаминӣ ва омӯзиши хатарҳои геологӣ омӯзишро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, дар доираи ин созишнома ҷонибҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва техникии илмҳои геологӣ ба мувофиқа омаданд.
Ҳадафи ба имзо расонидани ин ҳуҷҷати расмӣ табодули дониши илмӣ, техникӣ ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ ба заминшиносӣ дар соҳаи илми геологии Тоҷикистон ва Корея мебошад, ки метавонанд муносибатҳои иқтисодӣ ва техникии тарафҳоро мустаҳкам намояд. Инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ метавонанд ба тараққиёти илм ва техника ва баланд бардоштани малакаи дониши мутахассисони ҳарду ҷониб мусоидат намояд.
Маркази матбуот