Таҷлили иди касбӣ - рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геология
Соли 2024 барои кормандони Саридораи геология соли хотирмон аст, зеро дар ин сол бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба саридораи геология дода шуд, “Атласи равандҳои экзогенӣ-геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тартиб дода шуд. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи тантанавӣ, ки ба иди касбӣ-Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, зикр гардид.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар Атлас тамоми маълумоти мавҷудбудаи марбут ба равандҳои хатарноки геологӣ мавҷуд буда, дар барномаи соҳавии Системаи иттилоотии геолографӣ бонки иттилоотии рақамӣ тартиб дода шуд.
Атлас харитаҳои хатарҳои марбут ба тарма ва пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Точикистон, харакатҳои хавфноки гравитатсионӣ дар нишебиҳо, аз қабили ярчҳо ва сангрезишҳо, паҳншавии равандҳои сел ва эрозия, ҳавзаҳои дарёҳо, харитаи осебпазирӣ аз ярчҳо ва харитаи умумии равандҳои экзогении геологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дастоварди назарраси соҳаи геология дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳия ва қабули 4 барномаи давлатӣ мебошад, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд.
30 апрели соли 2021 “Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030” бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ таҳия ва қабул гардид.
Ин маънии онро дорад, ки таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба соҳаи геология ва беҳтар намудани шароити кори кормандони он рӯз аз рӯз бештар мегардад ва барои пешравии кор ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як корманд вазифаҳои нав гузошта мешавад. Стратегияи пешниҳодгардида самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ривоҷи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар бурдани корҳои омӯзиши геологӣ муайян месозад.
Роҳбарияти Саридора барои амалӣ намудани бандҳои ин барномаи давлатӣ, аз ҷумла таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳимро меандешад. Дар ин ҷода Саридора бо мақомоти геологии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Соли равон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030» ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгоҳҳои замонавии пармагарӣ харида шуд ва давра ба давра ба ҳамаи корхонаҳои зертобеи Саридораи геология чунин таҷҳизоти замонавӣ ва рақамӣ ворид карда мешавад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати, маъдан ва металургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Холиқ ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар фарҷом барои фаъолияти пусамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушду пешрафти соҳаи геология, саҳм гузоштан дар таҳияи Атласи равандҳои экзогению геологӣ ва ба ифтихори иди касбӣ-Рӯзи геологҳо як зумра кормандон ва геологҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки иди касбии геологҳо аз декабри соли 2011 инҷониб таҷлил карда мешавад. 9-уми декабри соли 2011 пас аз таҷдиду азнавсозӣ Осорхонаи геологии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид ва дар ҳамин рӯз аввалин маротиба Пешвои миллат бо кормандони соҳа вохӯрӣ намуда, пешниҳод карданд, ки рӯзи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шавад.
Маркази матбуот