Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони "Micromine"

4-5 август дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн» оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Австралия ва Фаронса ширкат доштанд.

Дарифтитоҳи Конфронс Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, менеҷери генералӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Жасхон Байров ва директори тиљоратии «Майкромайн» Амбруаз Нанкует сухан карданд. 

Сардори Саридораи геология Илҳомљон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки «Конфронси мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 нисбат ба гузаштан ба стандартњои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок баргузор карда мешавад».

«Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш менамояд, ки ба истифодаи усулҳои муосире, ки айни ҳол дар ҷаҳон баҳри кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд. Бо ин мақсад дар лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030» Барномаи «Майкромайн» ворид карда шудааст, ки давоми даҳ сол дар ҷумҳурӣ пурра роҳандозӣ мегардад», — гуфт дар идома Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Барномаи мазкур самти фарох дошта, ба воситаи он, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст меояд. Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки ин кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад. Барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғуланд, тариқи ин барнома метавонанд ба таври онлайн, яъне мустақим назорати ҷараёни истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.

Директори тиҷоратии «Макромайн» Амбруаз Нанкетт иброз дошт, ки «дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, инноватсия ва рақамикунонӣ барномаи «Макромайн» барои истихроҳи маъдан тақозои замон маҳсуб мешавад. Имрўз ин барнома дар соҳаи геология васеъ истифода бурда шуда, бо вазифаҳо ва имконоти нав барои кашидани тарҳи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, тарҳсозӣ ва банақшагирии геологӣ дар 100 давлати ҷаҳон истифода мегардад».

Коршиносон зимни маърўза дар бораи истифодаи «Майкромайн» дар корхонаҳо ва конҳои давлатҳои иштирокчӣ, дар корҳои иктишофӣ ва истихроҷ, дар ҳисоби захираи конҳои тилло ва баланд бардоштани сифати банаќшагирии корњои кўҳӣ ва нақбсозӣ бо истифода аз барномаи  мазкур ибрози андеша намуданд.

Мутахассисон иброз доштанд, ки барнома тариқи онлайн фаъолият карда, ҳамарўза рафти омўзиши геологиро таҳти назорат мегирад.

Барномаи «Майкромайн» дар самти геология муосиртарин ба ҳисоб рафта, кори геологҳоро хеле осон мегардонад ва он мунтазам такмил дода мешавад. Тоҷикистон бо ширкати «Майкромайн» соли дуюм аст, ки ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар доираи ин ҳамкорӣ якчанд ширкатҳои ватанӣ аз ин барнома истифода мебаранд.

Конфронси мазкур ду рўз идома ёфт. Дар охири кори Конфронс аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироккунандагон ва намояндагони корхонаҳои фаъоли давлатҳои иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар доираи конфронс иштирокдорон аз ҷойҳои фарҳангиву таърихии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин