Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

«Micromine» ба Донишгоҳи миллӣ 20 калид туҳфа менамояд

18 январ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Саридораи геологияи на-зди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори Ширкати «Майкромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров ва намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳони соҳаи геология ҷавобгӯ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон ба масъалаҳои ҳамкории илмию таълимӣ дар заминаи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои маркшейдерӣ, инчунин ташкили синфхонаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмини донишҷӯён бо ҷойи кор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. 
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Гуфта шуд, ки баъди ба имзо расидани шартномаи ҳамкорӣ нақша доранд, ки ба донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 калиди омӯзишӣ, ки маблағаш 1 млн долларро ташкил медиҳад, туҳфа намоянд. 
Маркази матбуот

Хабарҳои охирин