Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

РЕЗААХБОР оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Саридора дар давраи ҳисоботӣ омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, идома дод. Зерсохторҳои он корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 27 лоиҳа ба маблағи 6 105 569,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд. Дар ин муддат корҳои шартномавӣ аз рӯи 149 лоиҳа ба маблағи 11 136 567,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85 323 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

 Дар маҷмӯъ, корҳо бо усули хоҷагидорӣ 17 156 813 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 701 873,0 сомонӣ зиёд ба иҷро расонида шуд, ки суръати афзоиш 104 фоизро ташкил дод.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 зерсохторҳои Саридора намуд ҳаҷми гуногуни корҳои иктишофи геологӣ, аз қабили аксбардорҳои геологӣ, геохимиявӣ, топографӣ, гамма-спектрометрӣ, гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, сохтмони роҳ ва омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, корҳои нақбканию пармакунӣ, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, таҳлилҳои спектралӣ, тиллоспектралӣ, рентгенӣ-спектралӣ, химиявӣ, ҷазби атомӣ ва пробирӣ ва ғайраро тибқи нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда анҷом доданд.

Дар самти корҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар объекти “Кадастри давлатии об” аз ҷониби корхонаҳои воҳидии Саридораи геология мушоҳидаҳои аввала дар 16 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавӣ дар 59 обанбор ва 222 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 185 обанбор ва 38 пармачоҳ иҷро гардида, 214 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд.

Мутобиқи лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ барои солҳои 2020-2025”. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи дархост ва нақша дар 169 деҳаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМБК тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла: шаҳрҳои Душанбе – 5 мазеъ ва кӯча, Роғун – 24 деҳа, Турсунзода – 1 деҳа, Кӯлоб – 2 деҳа, Панҷакент -5 деҳа, Конибодом – 1 деҳа, Хоруғ - 1 кӯча, ноҳияҳои Варзоб – 1 мавзеъ, Рашт – 1 деҳа, Нуробод – 2 деҳа, Файзобод – 5 деҳа, Данғара – 5 деҳа, Ҳамадонӣ – 1 деҳа, Хуросон – 7 деҳа, Қубодиён – 12 деҳа, Шаҳритуз – 15 деҳа, Дӯстӣ – 11 деҳа, Н.Хисрав – 6 деҳа, А.Ҷомӣ – 20 деҳа, Панҷ – 15 деҳа, Вахш – 17 деҳа, Деваштич - 1 деҳа, Айнӣ - 2 деҳа, Кӯҳистони Мастчоҳ - 2 деҳа, Ашт - 3 деҳа, Шаҳристон - 2 деҳа ва Дарвоз – 1 деҳа тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 100 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод дода шуд.

Тибқи лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади бо оби нушокӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва соҳаҳои иҷтимоӣ” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 деҳаи 40 солагии ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ як пармачоҳ то жарфи 100 м парма карда шуд.

Курсҳои омӯзишии “Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-и Саридораро дар маҷмӯъ 116 нафар бо ихтисосҳои пармагари пармачоҳҳо - 15 нафар; топогеодезия ва корҳои маркшейдерӣ - 10 нафар; ҳуқуқи роҳбарӣ ба амалиётҳои пармагарию таркишӣ - 8 нафар; устои кӯҳӣ, коркарди корҳои кушода - 22 нафар; устои кӯҳӣ, коркарди корҳои зеризаминӣ - 36 нафар; таркишгарон - 10 нафар; кафшергар – 9 нафар; борбандчӣ - 9 нафар хатм намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблаѓгузории буҷети давлатї бо дархости воҳидҳои сохтории Саридора ва мувофиқи шартномаҳои ба имзо расонида 19 нафар кормандони корхонаҳои воҳидии Саридора омӯзонида шуданд.

Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар Саридораи геология ва корхонаҳои зертобеъ 729 кормандон (хизматчиёни давлатӣ 40 нафар) кор мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 100 нафар, мутахассисон 286 нафар ва коргарон 343 нафарро ташкил медиҳанд. Дар байни кормандони соҳа 340 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 18 маълумоти олии нопурра, 133 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 238 нафар маълумоти миёна мебошад.

Дар соҳа 203 зан фаъолият мекунанд, ки аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 23 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии занҳо 60 нафар дорои маълумоти олӣ ва 143 нафар дорои маълумоти олии нопурра, миёнаи махсус, миёна ва миёнаи нопурра мебошад.

Шумораи мутахассисони ҷавони то 35 сола 232 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз инҳо 55 нафар зан мебошад.

 Дар давраи ҳисоботӣ тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии Саридора, мулоқоту сафарҳои роҳбарият ва кормандони Саридора, дастовард ва мушкилоти соҳаи геология дар матбуоти даврӣ (20 хабару гузориш ва мақола) ва ВАО сари вақт инъикос шуданд. Ҳамзамон дар ин давра дар асоси муроҷиати хативу шифоҳии намояндагони радиову телевизион ва матбуоти даврӣ 12 маротиба кормандони Саридора ва сохторҳои тобеи он дар радиову телевизион ва матбуоти даврӣ баромаду суханронӣ карданд. Иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар тамоми чорабинӣ ва ҷамъомадҳои тантанавии Саридора (9 чорабинӣ) бахшида ба идҳои расмӣ таъмин карда шуд ва ҳамаи онҳо тавассути матбуоти даврӣ ва ВАО пахш гардиданд.

Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯйи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар соли сипаришуда ягон ҳодисаи нохуш, вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 23 мавод, аз он ҷумла,

9 лоиҳа ва 14 ҳисобот баррасӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 мавод, аз ҷумла, ҳисоботҳои геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул - 18 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо - 7 ҳисобот, азнавбаҳодиҳии захираҳо - 7 адад ворид гардид.

 Дар асоси ҳисоботҳои аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб, руҳ, андезит, оҳаксанг, хок ва омехтаи регу шағал ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.

Саридораи геология дар давраи ҳисоботӣ бо 56 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ки дар он бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 45 768 832,31 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 281 373,23 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 46 050 205,54 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расонид.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 13 ширкату ташкилотҳо ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом дод.

Саридораи геология дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2023 №17677(27.7) дар якҷоягӣ бо ширкати бритониёгии “Seeguent” рӯзҳои 8-9 июни соли 2023 машварати омузишӣ (мастер-класс) бо мақсади мубодилаи маълумотҳо оид тамоюлҳои навин дар доираи рақамикунонӣ ва кор бо маълумотҳои геологӣ дар марҳилаҳои ҷустуҷӯ, иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро доир намуд.

Ҳамчунин 14 марти соли 2023 сардори Саридораи геология ба таври маҷозӣ дар ҷаласаи аввали гурӯҳи кории назди Шӯрои ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзо, ки дар ш. Москва баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Саридораи геология бо маќсади таъмин намудани соҳаи геология бо мутахассисони ҷавону лаёқатманд, баланд бардоштани завқи насли наврас ба омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ, бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва иљрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2023, № 19786 (27-7) санаи 24 июни соли 2023 олимпиадаи «Геологҳои ҷавон»-ро баргузор намуд.

Кормандони Саридора баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанамон минбаъд, низ кӯшишу ғайрат мекунанд.

Роҳбарият:

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-

Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;

Муовини якуми сардор- Холзода Исомуддин Гул;

Муовини сардор – Ализода Алимаҳмуд Ғаффор.

Телефонҳо: 221-84-66; 888-08-34-16.

 

 

 

Хабарҳои охирин