Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Москва: ҷаласаи якуми гурӯҳи кории аъзои Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин баргузор шуд

14 март дар шаҳри Москва ҷаласаи якуми гурӯҳи кории аъзои Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин доир гардид, ки дар кори он Раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар соли 2023, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода тариқи онлайн ва гурӯҳи корӣ дар шаҳри Москва таҳти роҳбарии муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода ба таври ҳузурӣ иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки нақшаи ояндадори корҳои муштарак оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2021-2025 бо қарори Шӯрои иқтисодии ИДМ аз 12 марти соли 2021 қабул карда шуд. Дар доираи ин нақшаи ояндадор корҳо дар 41 лоиҳа дар дувоздаҳ самти асосӣ гузаронида шуданд.
Дар ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои ИДМ барои баррасии самтҳои муҳими рушди геология ва ҳифзи қаъри замин дар шароити муосир пешниҳод шуда буд, ки аз ҳисоби коршиносони давлатҳои аъзои ИДМ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Қарор карда шуд, ки рӯйхати самтҳои афзалиятнок бо мақсади амиқтар кардани ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи геология ва истифодаи зеризаминӣ дар шароити муосир таҳия карда шуда, ба баррасии иҷлосияи XXVI Шӯрои байниҳукуматӣ пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи якум намояндагони мақомоти соҳавии ИДМ, вазорату идораҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Маркази матбуот

Хабарҳои охирин