Ҷаласаи дуюми шуро доир ба самтҳои афзалиятноки тараққиёти геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
12 сенябри соли 2023 Ҷаласаи дуюми гуруҳи кории Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Нахуст муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода ширкаткунандагони ҷаласаро аз номи Раиси Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои ИДМ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода шодбош гуфта, зикр намуд, ки дар иҷлосияи 25-уми Шуро пешниҳоди Кумитаи иҷроияи ИДМ доир ба масъалаи таъсиси гуруҳи кории коршиносон барои муҳокимаи тамоилҳои ҳозираи рушди геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар шароити ҳозира баррасӣ гардида буд. Ҳамзамон, дар маҷлиси якум ҳашт масъала дида баромада шуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ се мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи онҳо мушовири шуъбаи ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Елена Валевич, муовини директори генералии ТАЃ «Mаркази байналмилалии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идораи устувори захираҳои табиӣ» Л. Горюнов ва муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ализода сухан карданд.
Дар ҷаласа А. Ализода, муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гуруҳи корӣ интихоб шуд.
Доир ба масъалаҳои «Дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили институти коршиносон оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ» ва «Дар бораи рӯз ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ» қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Маркази матбуот