Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба панҷ корманди соҳаи геология мукофоти давлатӣ тақдим кард
Имрӯз, 5 сентябр, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ корманди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар маросими тантанавӣ ба кормандони Саридора тақдим кард.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода тамоми кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфта, дар вазъияти тантанавӣ сардори Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир» Паноев Себарга, муовини раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба заҳираҳои канданиҳои фоиданок Орифҷон Бобомуродов, сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Дастгоҳи марказӣ Бањриддин Халилов, сардори гурӯҳи “Ғайрримаъдан” Абдумалик Кенҷаев ва геологи пешбари гурӯҳи “Ғайримаъдан”-и Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»- Қиматшо Хоҷаевро барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон— медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонид.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Маркази матбуот