Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара доир гардид
Имрӯз, 10 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геология доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳмоҳаи соли 2023 баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовинон, сардорони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо, саргеологҳо, сармуҳосибҳо ва роҳбарони муассисаҳои Саридораи геология иштирок карданд.
Муовини Сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар нуҳ моҳи соли 2023 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони корхонаву муассисаҳои зерсохтори Саридора доир ба фаъолияти нуҳмоҳа шунида шуд.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода аз фаъолияти баъзе корхонаҳо ва масъулини соҳа интиқод намуда, барои ислоҳи вазъ ва рафъи камбудиҳо дастур ва муҳлати муайян дод.
Дар анҷоми кори ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид. Тибқи қарори қабулгардида, роҳбарони корхонаҳои воҳидии Саридора вазифадор шуданд, ки дар тадбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, омагии пурра ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, истифодаи мақсадноки техника, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Шарҳи муфассали ҷаласаи ҳайати мушовараро дар шумораи даҳуми рӯзномаи «Ганҷ» мутолиа намоед.
Маркази матбуот