Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Пресс – Релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024

Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ

Саридора дар соли 2024 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, амалӣ намуд. Дар ин давра корҳои омӯзиши геологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 19 136 434,0  сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.

Корҳои шартномавӣ аз рӯи 182 лоиҳа ба маблағи 16 880 715,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 390 083,0 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар маҷмӯъ корҳо бо усули хоҷагидорӣ 37 757 471,0 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 – 2 139 622,0 сомонӣ зиёд иҷро гардид, ки  суръати афзоиш 106 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ Саридора ба маблағи 10 828 154,0 сомонӣ ба буҷет андоз супоридааст, ки ин нисбат ба соли 2023 – 84 193,0 сомонӣ зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар давраи ҳисоботӣ 2 333,0 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 393,0  сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ зерсохторҳои Саридора корҳои омӯзиши геологиро, ки аз гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, аксбардории топографӣ, аксбардории геологӣ, иктишофи магнитии миқёси 1:10 000, корҳои хандакканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, сохтмон ва барқароркунии роҳ, омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасон иборат буданд, анҷом доданд ва ба натиҷаҳои   назаррас ноил гардиданд, Аз ҷумла:

- дар объекти «Корҳои ҷустуҷӯию геокимиёвӣ дар варақаҳои J-42-32; J-42-33; J-42-44; J-42-45» дар натиҷаи коркарди пешакии маҳакҳои геохимиявии аз ташхис гузаронидашуда тариқи барномаи “ARGGIS” дар майдони варақаҳои J-42-33-В, J-42-45-Б шаш аномалияи унсурҳои Pb, Zn, Cu, V, Ga ва Mn ҷудо карда шуд.

- аз рӯи натиҷаҳои ташхиси гузаронидашуда дар майдони маъдании Саримард захираи умумии тилло ва нуқра бо категорияи С1ва С2 ҳисоб карда шуд.

- мувофиқи лоиҳаи  “Ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи тилло дар майдони Ошоба” дар заминаи корҳои иҷрошудаи лоиҳавӣ ҳисоботи ҷамъбастӣ таҳия ва дар Шурои илмӣ-техникии Саридораи геология баррасӣ ва тасдиқ гардид. Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда манбаъҳои дурнамои тилло ва нуқра арзёбӣ гардид. 

- дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ натиҷаи ташхиси пробирии маҳакҳо файзнокии тиллоро аз 0,1 то 2,5 г/т ва нуқраро аз 0,98 то 12,33 г/т нишон дод, ташхиси кимиёвии  маҳакҳо бошад,   файзнокии сурмаро аз 0,05 то 5,06%   муайян намуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки объекти мазкур ояндадор мебошад;

- корҳои ҷустуҷӯию арзёбии тиллои обруфт дар майдони  маъдандори Оби Сурх  ташхиси маҳакҳо файзнокии металлро аз 40 мг/м3 то 556,3 мг/м3 нишон дод ва манбаъҳои дурнамои тиллои пошхӯрда дар ҳудуди 800 м дарозӣ ва 80,0 м паҳноӣ (ғафсиҳои аз 0,5 то 8,0 м) баҳодиҳӣ гардиданд.

-  дар натиҷаи гузаронидани корҳои чустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурбу руҳи Санги Сабз (воқеъ дар ноҳияи Балҷувон)  манбаъҳои дурнамои  маъдани сурбу руҳ зиёда аз 1 млн тонна ва  манбаи дурнамои нуқра зиёда аз 3 тонна баҳо дода шуданд.

 -дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим зуҳуроти нав кашфшудаи турмалини Бағуш ва  корунди Бағуш кашф карда шуданд ва  баъд аз омӯзиш ва ташхиси маҳакҳо  муайян гардид, ки сифати ашё ҷавобгӯи стандартҳои соҳавӣ буда ҳамчун маводи хуби ҷавҳарӣ ва коллексинонӣ баҳогузорӣ гаштанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ якчанд нуқтаҳои минералии сангҳои худҷило ба монанди сапфир, турмалин, ёқут, лаъли кабуд, фостерит, офикалсит ва офит маълум карда шуданд. Захираи офикалсит дар зуҳуроти Бағуш ба ҳисоби миёна аз рӯи категорияи Р1 дар ҳаҷми 1200 м3 ё 3120 кг пешгуйӣ карда шуд.

 Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ҳолати имрӯзаи равандҳои экзогениву геологии ҳудуди ҷумҳурӣ  дақиқ карда шуда,  бо барномаи ГИС бонки иттилоотӣ омода  гардид. Дар натиҷа бори аввал дар Тоҷикистон “Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва нашр карда шуд.

 

Корҳои гидрогеологӣ  ва муҳандисӣ-геологӣ

Тибқи лоиҳаи “Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ” дар давраи ҳисоботӣ дар 638 деҳа,  маҳалла ва шаҳракҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 671 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан дода шуд.

Мувофиқи лоиҳаи «Пешбурди Кадастри давлатии об” дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аввалия дар 45, такрорӣ дар 310 ва реҷавӣ дар 576 пармачоҳ ва обанборҳо гузаронида шуда, 326 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд. Таркиби химиявии обҳо муътадил арзёбӣ шуданд.

Тибқи Лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ” дар ҳудуди ҷумҳурӣ 4 пармачоҳ бо жарфи умумии 320 м парма карда шуданд.

 

Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Кадрҳо

Ба ҳолати 31 декабри соли 2024 дар Саридораи геология ва воҳидҳои сохтории он 625 корманд (хизматчиёни давлатӣ 45 нафар) фаъолият мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 105 нафар, мутахассисон 239 нафар ва коргарон 281 нафар.

Дар байни кормандони соҳа 322 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 14 маълумоти олии нопурра, 111 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус, 178 нафар маълумоти миёна мебошад.

Дар соҳа 191 зан фаъолият мекунанд: аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда  21 нафар, 64 нафар дорои маълумоти олӣ ва 127 нафар дорои маълумоти олии нопурра, миёнаи махсус, миёна ва миёнаи нопурра мебошад.

Теъдоди мутахассисони ҷавони то 35 сола 188 нафар буда, 56 нафари онро занҳо ва 132 нафарро мардон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”   тариқи буҷетӣ 52 нафар ва шартномавӣ 81 нафар  аз рӯи ихтисосҳои гуногун курсҳои омӯзиширо хатм намуданд.

Робитаҳои хориҷӣ

Дар соли 2024 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 14 ширкату ташкилотҳо ва роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом дод.

 

Натиҷаҳо

Дар давраи ҳисоботӣ дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 120 мавод, аз  ҷумла 66 лоиҳа, 54 ҳисобот, 6 мактуб баррасӣ ва Атласи равандҳои зкзогенӣ-геологии Тоҷикистон  тасдиқ карда шуд.

Дар Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 мавод баррасӣ гардид, ки аз онҳо иктишофи қаблӣ - 54 адад, бозҳисобкунии захираҳо – 3 адад, корҳои тафтишотӣ ва азнавбаҳодиҳӣ – 3 адад, ҳисоби фаврии захираҳо – 5 адад, афзоиши захираҳо – 10 адад, омӯзиши геологии такрорӣ -3 адад, азнавбаҳодиҳии захираҳо -2 адад, азнавҳисобкунии захираҳо -4 ададро ташкил дод.

Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои  канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурма, ангишт, кварс, мармар, резамармар, хок, алевролит, гранодиорит ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.

Саридораи геология дар ин давра бо 122 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ки дар он бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 177 556 306,0 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 1 312 099,0 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 178 868 406,0 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расонид.

Дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз таъмини техникаву технологияи муосир вобастагӣ дорад. Соли ҳисоботӣ ду адад дастгоҳи пармагарии колонковии тамғаи RCH-4T, як адад дастгоҳи пармагарии роторӣ тамғаи КСF-200C, як адад стансияи дизелии барқӣ тамғаи ДЭС-65 ва тахеометри электронӣ Leica TS16 R1000 (5″) харидорӣ карда шуд. 

 

Роҳбарият:

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-

Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;

Муовини якуми сардор - Холзода Исомуддин Гул;

Муовини сардор – Ализода Алимаҳмуд Ғаффор;

Муовини сардор –Вализода Исмоил Султон.

Телефонҳо: 221-84-66; 888-08-34-16.

 

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин