Пресс – релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора соли 2023 омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 17 217 375,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 1 076 375,0 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 107 фоизро ташкил медиҳад.
Корҳои шартномавӣ аз рӯи 191 лоиҳа ба маблағи 19 059 896,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 632 451,0 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми корҳои иҷрошуда бо усули хоҷагидорӣ 35 644 820,0 сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2023 барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ 17 217 375,0 сомонӣ аз буҷети давлатӣ пардохт карда шудааст, ки Саридора ба андозаи 10 743 961,0 сомонӣ ба буҷет андоз супоридааст.
Саридораи геология дар давраи ҳисоботӣ бо 120 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ки дар он бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 79 673 208,0 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 467 305,0 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 80 140 513 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расонид.
Музди миёнаи меҳнат дар соли сипаришуда 1883,0 сомонро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2022 – 136 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ зерсохторҳои Саридора корҳои иктишофи геологӣ, аз қабили гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, аксбардории топографӣ, аксбардории геологӣ, иктишофи магнитии миқёси 1:10 000, корҳои хандакканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, сохтмон ва барқароркунии роҳ, омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасонро анҷом доданд.
Натиҷаҳои корҳои иктишофи геологӣ дар соли 2023 назаррасанд. Аз ҷумла,
- тибқи лоиҳаи “Корҳои ҷустуҷӯи геокимиёвӣ дар варақаҳои J-42-32; J-42-33; J-42-44; J-42-45”, корҳои саҳроӣ дар варақаи J-42-45A оғоз гардида, хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаҳои радиометрӣ, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯи литохимиявӣ бо гирифтани маҳак, маҳакбардории протолочкӣ, коркарди маҳакҳо, таҳлили спектралӣ, таҳлили тиллоспектралӣ гузаронида шуданд. Дар як қатор маҳакҳо барои унсурони алоҳида ба монанди Au, Ag, Ni, Mn, Ti, Pb, Zn, V, Sn, Cu ва ғайра натиҷаҳои назаррас ба қайд гирифта шуд. Натиҷаҳои ба даст омада дар харитаи геологӣ бо барномаи ArcGis гузаронида шудааст. Кор аз рӯи ин лоиҳа давом дорад.
- дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло аз рӯи корҳои гузаронидашуда захираи пешакӣ баҳододашудаи сурма ва тилло аз рӯи категорияҳои С2, Р1 ва Р2 ҳисоб карда шуданд. Тавсия дода мешавад, ки корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва иктишофи қаблӣ дар объекти мазкур минбаъд ба роҳ монда шавад, зеро натиҷаҳои ба даст омада ба яке аз конҳои калонтарин табдил додани онро тасдиқ мекунанд;
- дар зуҳуроти ванадийи Арглӣ захираҳои умумӣ ва манбаъҳои пешгӯишаванда ванадий ҳисоб карда шудааст, объекти мазкур ояндадор буда, барои омӯзиши дақиқ тавсия дода мешавад;
- дар объекти “Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишотӣ дар майдони маъдании Саримард” аз рӯи натиҷаи корҳои соли 2023 иҷрошуда захираи пешакии умумии тилло ва нуқра ҳисоб шуда, корҳои омӯзиши геологӣ дар объекти мазкур ҳамчун майдони ояндадор идома дода мешаванд;
- дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ минералҳои парокандаи антимонит бо ошкор намудани минтақаи минералноки сурма муайян гардида, ташхиси кимиёвии маҳакҳо файзнокии сурмаро аз 0,86 то 5,06% нишон дод. Таҳлилҳои пешакӣ ояндадории объекти мазкурро нишон медиҳанд;
- дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим ҳангоми гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ минералнокии сангҳои ранга ба монанди сапфир, турмалин ва эпидот мушоҳида ва маҳакбардорӣ гардиданд. Инчунин аз таҳшинҳои коллювиалии болооби шохоби чапи Бағушдара шикастапораи санги рангае дарёфт шуд, ки шабоҳат ба азурит ё лоҷувардро дорад.
Дар баробари иҷрои лоиҳаҳои барномавӣ сохторҳои саридора корҳои омӯзиши геологиро дар асоси шартнома бо ҷамъиятҳои “ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ”, “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, “Зарафшон”, “Талко Голд”, “Маъдан-2017”, “Рушди саноати Ҳайтуо” ва ғайра иҷро намуданд.
Корҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ
Тибқи лоиҳаи “Кадастри давлатии об” мушоҳидаи реҷавӣ дар 234 обанбор ва мушоҳидаҳои такрорӣ бошад дар 319 обанборҳои шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Бохтар, Кӯлоб, Роғун, Левакант, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Данғара, Темурмалик, Восеъ, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён, Файзобод, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Лахш ва Вахш гузаронида шуда, 203 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шудааст.
Тибқи лоиҳаи «Кадастри давлатии об дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон» дар шаҳри Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Ашт, Бобоҷон Ғафур, Мастчоҳ ва Деваштич мушоҳидаҳои аввала дар 35 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 90 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавии пармачоҳҳо 440 ченкунӣ гузаронида шуданд. Дар рафти гузаронидани мушоҳидаҳо 202 адад маҳакҳои об барои ташхиси кимиёвӣ гирифта шуда, ба ташхисгоҳи корхона супорида шуданд.
Тибқи лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади бо оби нушокӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва соҳаҳои иҷтимоӣ” 6 пармачоҳ, аз ҷумла дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 деҳаи 40- солагии ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ як пармачоҳ то жарфи 100 м, дар беморхонаи марказии шаҳри Гулистон то жарфи 120 м, дар ноҳияи Файзобод як пармачоҳ бо жарфи 100 м, дар шаҳри Кӯлоб як пармачоҳи то жарфи 100 м парма карда шудааст. Корҳои пармагарӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб идома дорад.
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ
Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Кадрҳо
Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 дар Саридораи геология ва корхонаҳои зерсохтор 673 кормандон (хизматчиёни давлатӣ 38 нафар) фаъолият мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 100 нафар, мутахассисон 256 нафар, коргарон 317 нафар. Аз миқдори умумӣ 192 нафарашон занҳо мебошанд.
Шумораи мутахассисони ҷавони то 35 сола 208 нафар буда, 63 нафари онро зан ва 145 нафарро мардон ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-ро 242 нафар хатм намуданд. Аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ бо дархости воҳидҳои сохтории Саридора ва мувофиқи шартномаҳои ба имзо расонида 61 нафар кормандони ин сохторҳо омӯзонида шуданд.
Робитаҳои хориҷӣ
Дар соли 2023 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 15 ширкату ташкилотҳо ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом додааст.
Натиҷаҳо
Дар Шурои илмӣ-техникии Саридора 112 мавод, аз он ҷумла 47 лоиҳа ва 65 ҳисобот баррасӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул – 36 адад, конҳои канданиҳои ашёи химиявӣ - 1 адад, бозҳисобкунии захираи конҳо - 13 ҳисобот, афзоиши захира, омӯзиши геологии такрории конҳо – 17 ҳисоботро ташкил дод. Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, нуқра, волфрам, сурма, нафт, гаҷсанг, мармар,оҳаксанг, хок, рег ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.
Кормандони Саридора баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанамон минбаъд низ кӯшишу ғайрат мекунанд.
Маркази матбуот
Роҳбарият:
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-
Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;
Муовини якуми сардор- Холзода Исомуддин Гул;
Муовини сардор – Ализода Алимаҳмуд Ғаффор.
Телефонҳо: 221-84-66; 888-08-34-16