Паёми табрикотии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Ҳамкорони азиз,
Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиату таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.
Аз даврони бостонӣ то кунун фарҳангу тамаддуни тоҷикон бо табиату коинот ва муҳити атроф пайванди ногусастанӣ дорад. Бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ аслан баробар бо тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд, ки Наврӯз бо фаро расидани баҳори дилафрӯз рост меояд.
Муҳиммият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми беш аз шаш ҳазор сол ойину анъана ва номи таърихии худро низ нигоҳ дошт ва мардуми зиёд онро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта, тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Ба ақидаи мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ- "Наврӯз ибтидои офариниши олам аст".
Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо як ҷашни оддӣ, балки як маросими пур аз маъно ва рамзҳо мебошад. Дар ин рӯз, мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав ба бар мекунанд, таомҳои махсус омода мекунанд ва ба аёдати якдигар мераванд. Яке аз расму ойинҳои муҳимми Наврӯзӣ пухтани суманак мебошад, ки рамзи фаровонӣ ва баракат аст. Ин анъанаҳо на танҳо ба зебоии ҷашн зебоии дигаре зам мекунанд, балки арзишҳои инсониро низ инъикос менамоянд.
Наврӯзро на танҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар кишварҳои мухталиф, қариб 300 миллион нафар таҷлил мекунанд, ки моҳияти он дар тӯли ҳазорсолаҳо - ваҳдати Табиат ва Инсон боқӣ мемонад.
Бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф кард. Хушбахтона, имрӯз ин рӯйдод, ки ифтихори миллии тоҷикон аст, на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯзи оламафрӯз дар ватанаш - Тоҷикистон ҳамчун ҷашни давлатӣ дар сатҳи баланд истиқбол гирифта мешавад.
Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврӯзро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози "Шоҳнома" оварда аст, ки "Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро "рӯзи нав" хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд.
Дар сарчашмаҳои таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асогузори Наврӯз номидаанд. Ҳаким Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумоти муфасал додаанд.
Наврӯз ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон мебошад.
Яке аз рамзҳои маъмулии ҷашнгирии Наврӯз ин оростани дастархони ҳафт сину ҳафт шин мебошад. Инчунин аз ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз гулгардонӣ, ҷуфтбаророн, хонабаророн, оштикунонӣ, бузкашӣ то ба замони мо омада расидаанд.
Тавре маълум аст, дар ҷаҳон идҳо ва санаҳои пуршараф зиёданд, вале Наврӯз дар баланд бардоштани шаъну шарафи инсон мавқеи хосаеро ишғол мекунад. Дар ин ҷашни баҳор дӯстии байни одамон, эҳтироми ҳамдигар, саховатмандӣ ва меҳрубонии тамоми сокинони кишвар ба таври хос зоҳир мегардад. Ҳамчун таҷассуми амалҳои неки инсонӣ дар рӯзҳои Наврӯзӣ аёдати хешу табор ва наздикон, беморон, пиронсолон ва маъюбон ва дастгирии ниёзмандмандон сурат мегирад. Ин бузургтарин кори хайр дар арафи ҷашни Наврӯз аст.
Бо ба даст овардани истиқлоли комил Тоҷикистон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ҳар сол дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ баргузор мешаванд, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсус бахшида ба таърихи Наврӯз ва аҳаммияти он гузаронида мешаванд, ки насли наврасро бо мероси фарҳангии худ ошно месозанд.
Таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар саросари кишвар намунаи баланди ахлоқӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстиро нишон медиҳад, ки меҳру муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба мероси фарҳангию таърихии он арзишҳои аслии ҳар як халқ ба ҳисоб меравад. Дар замони ҷаҳонишав? насли наврас ва насли ҷавонро зарур аст, ки барои эҳё ва ҳифзи ин ҷашни ниёгонамон саъю талош намояд.
Боварӣ дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадами мубораки худ ба мардуми тамаддунофар, бофарҳанг ва заҳматдӯсти тоҷик дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии кишвари азизамон муждаҳои тоза меорад.
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз самимона табрик намуда, хушбахтиву саодатмандӣ, тансиҳатӣ, барори кор ва рӯзгори тинҷу осударо таманно дорам.
Бигзор Наврӯз ба ҳар хонадон сулҳу осоиштагӣ, некиву ободӣ биёрад ва Ватани азизи мо доимо шукуфону обод бошад!
Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз муборак!
Маркази матбуот