Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Саридораи геология
Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки “Наврӯзи байналмилалӣ барои тоҷикон аз қадим то имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ, инчунин ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву хурсандӣ иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби пиру барно суруру шодӣ мебахшад, тамоми мардумро сарҷамъ мекунад ва онҳоро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар даъват мекунад”.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки имсол дар баробари ҷашни бузурги Наврӯз 21 март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро низ ҷашн гирифта мешавад. Соле қабл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташаббус нишон дода шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Изҳори умед карда шуд, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми соҳибфарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони Саридораи геология фатҳу кушоишҳои нав оварда, дар иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ неруи тоза мебахшад.
Аз ҷониби бонувони корхонаҳои зерсохтори Саридора тибқи анъанаҳои наврӯзӣ дастархони идона бо “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” оро дода шуд, ки инъикосгари ойини аҷдодии тоҷикон буд. Роҳбарияти Саридораи геология аз дастархони идона дидан карда, ба ҳунари волои кадбонугии занону духтарон баҳои баланд доданд.
Як бахши чорабинии фарҳангиро бозиҳои варзишии суннатӣ ташкил дод. Миёни дастаҳои корхонаҳои Саридора мусобиқаи бандкашӣ ва бозии шоҳмот барпо шуд. Дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот