Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ дар Самарқанд доир гардид

21-22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии  Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геология  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок кард. 
Ҷаласаро Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин мушовири Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Елена Валевич бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. 

Елена Валевич ба сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуд.
Сипас,  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода раёсатро ба таври расмӣ ба ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон ба Вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон Бобир Исломов супорид. 


Зимни иҷлосия Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025» ва иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIV Шурои байниҳукуматӣ дар давраи раёсат (2022-2023), инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак  ҳисобот дод.
Дар идома роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ дар бораи ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот доданд. 


Дар ҷаласа коршиносон ва намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ доир ба базаи моддию техникии давлатҳои аъзо, стандарти байналмилалии ҳисоби захираҳо, ташкили харитаи гидрогеологии Қазоқистон м 1:2 500 000, ҷараёни рақамикунонии соҳаи геология, масъалаҳои мубрами нафту гази геология ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо: дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Шуро ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи геология маъруза намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев дар бораи Низомномаи гурӯҳи кории давлатҳои аъзои Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои ИДМ дар самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи қаъри замин, дар бораи лоиҳаҳои Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи омӯзиш, истифода ва ҳифзи обҳои зеризаминӣ дар давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амаликунии он маъруза кард.


Дар кори иҷлосия намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шурои байниҳукуматӣ, сардорону масъулони соҳаи геологияи давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Русия иштирок карданд.
Ба ҳайати Тоҷикистон сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геология Собир Бобоев, сардорони КВДҶ «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ» Фирӯз Малахов, КВ «Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум», Аъзамқул Мустафоқулов, КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» Ғолиб Шерализода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ганҷ» Мавҷуда Анварӣ шомил буданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи XXV Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.
Маркази матбуот

Хабарҳои охирин