Раванди амалишавии вазифаҳо
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат матраҳ гардида, вазъи кунунӣ ва пешомадҳои соҳаҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, проблемаҳои глобалӣ, ки имрӯз пеши инсоният меистанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат дар ин бора ба ҷаҳониён маълум мебошанд, ки ҳамагон барои ҳал намудани онҳо бетараф нестанд.То ба имрӯз СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон якчанд қатънома оид ба обро қабул намуд, ки Соли байналмиллалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбанд.
Инсоният барои ба даст овардани шароити хуби зиндагӣ ва истифодаи технологияи муосир дар кор кашфиётҳои бузургеро соҳиб мегардад, ки дар навбати худ таъсири баъзеи онҳо бар зарари табиат мебошад. Ин ҷо сухан сари мушкилоти асосӣ - афзоиши газҳои гулхонаӣ ҳаст, ки ба ҳарорати ҳаво, намнокӣ, гардиши ҳаво ва уқёнусҳо таъсири манфӣ мерасонад. Натиҷаи ҳамаи ин обшавии пиряҳҳо мебошад.
Дар навбати худ пиряҳҳои Тоҷикистон, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд сол ба сол кам шуда, боиси ташвиши умум мегарданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77 Маҷмаи умумии Созмони миллали муттаҳид масъалаи мазкурро мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, даъват ва амал оварданд, ки соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо эълон карда шавад. Ин ташаббус аз тарафи 153 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфт ва 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умуми СММ соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо эълон намуд.
Тоҷикистон ватани обҳои тоза ба шумор меравад ва истифодаи сарфакоронаи он ба нафъи инсон буда, яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот ба шумор меравад. Истифодаи самараноки об аз тарафи кишварҳои ҳамсоя низ тақозо менамояд, ки танзими он мутаносибан амалӣ гардад.
Ҳамзамон, иқдомҳои судманди Пешвои миллат барои гулгулшукуфоии кишвари азиз амалӣ шуда истодаанд. Саноаткунонии босуръати кишвар аз ҷумлаи онҳост, ки кормандони соҳаи геология дар раванди амалӣ гардидани он саҳми беандоза доранд.
Кормандони КВ «Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён» тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» корҳои назаррасро ба иҷро расониданд. Дар соли 2023 ду ҳисоботҲисобӣ намудани захираҳои сурма ва тилло дар зуҳуроти Ривути боло (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва Ҳисобӣ намудани захираи ванадийи зуҳуроти Арглӣ (ноҳияи Деваштич) ба иҷро расонида шуда, дар Шурои илмӣ-техникии Саридораи геология ҳимоя гардид ва дар Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замин ба қайд гирифта шуданд. Инчунин дар майдони маъдании Саримард (кони Саримард) низ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд.
Тавре ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардидааст фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишофи канданиҳои фоиданок ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани онҳо вусъат бояд дод. Ин дастури дар Паём омада мо, кормандони КВ «Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён»-ро водор месозад, ки ҳама донишу маҳорати худро истифода бурда, ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои сазовор пешвоз гирем.
А. ҚАЮМОВ,
геологи пешбари шуъбаи геологияи КВ «Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён»