Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

«Моғиён» беҳтарин корхона дар соли 2023

Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» барои иҷрои саривақтии супоришҳои геологӣ ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан дар объектҳои «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Аргли», «Корҳои ҷустуҷуию арзёбии зуҳуроти сурмаи Ривути боло» ва «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишотӣ дар майдони маъдании Саримард» дар соли 2023 бо Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Сипосномаро Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи саридораи геология доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ба сардори КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён» - Ҳолибҷон Шерализода супорид.

Корхона дар давоми соли 2023 дар натиҷаи ташкили корҳои самарабахш захираҳои дурнамои сурма, тилло, нуқра ва ванадий кашф кард. Корхона дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи се лоиҳа дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло, дар зуҳуроти ванадийи Арглӣ ва дар майдони маъдании Саримард фаъолияти назаррас кард.

Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло ба анҷом расида, аз рӯи корҳои гузаронидашуда захираи пешакии сурма ва тилло аз рӯи категорияҳои гуногун ҳисоб карда шуданд ва натиҷаҳои ба даст омада ба яке аз конҳои калонтарин табдил додани онро тасдиқ мекунанд.

Захираҳои умумӣ ва манбаъҳои пешгӯишаванда дар майдони зуҳуроти ванадийи Арглӣ ҳисоб карда шудааст. Объекти мазкур ояндадор буда, барои омӯзиши дақиқ тавсия дода мешавад. Дар майдони маъдании Саримард захираи пешакии умумии тилло ва нуқра бо файзнокии назаррас муайян карда шуд. Корҳои омӯзиши геологӣ дар объекти мазкур идома дода мешавад, зеро объект аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада барои тилло ва нуқра ояндадор арзёбӣ мегардад.

Дар ин давра кормандони корхона пармакунии колонкавӣ дар кони тиллои «Ҷилав» ва «Тарор» бо корхонаи муштараки «Зарафшон», дар кони сурмаву тиллои «Кончоч» ва пармагарии зарбазанӣ – танобиро низ иҷро карданд.

Экспедитсия дар асоси шартнома бо Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент корҳои таркиширо низ иҷро намуд.

Соли 2023 дар коргоҳи сангордкунии озмоишгоҳи таҳлилии корхона 1846 маҳак коркард шуда, 3398 маҳак аз ташхиси пробирӣ, 275 маҳак аз ташхиси кимиёвӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуот

Хабарҳои охирин