Дар 9 моҳ дар Саридораи геология шаш маърака гузаронида шуд
Дар нуҳ моҳи соли равон дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Саридораи геология 6 маърака ба қайд гирифта шуд, ки тӯйҳои домодию арусӣ ва маъракаҳои азодорӣ мебошанд.
Дар Саридораи геология риояи иҷрои талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, дар ин замина маъракаҳо камхарҷ гузаронда мешаванд.
Бо мақсади риояи қонуни мазкур дар Саридораи геология як комиссияи доимоамалкунанда фаъолият дорад, ки аъзои он мунтазам барои камхарҷ гузарондани маъракаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Ёдовар мешавем, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 501 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат (ҳамин давраи соли гузашта 480 ҳолат) зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст: шаҳри Душанбе 45 (ҳамин давраи соли гузашта 36) ҳолат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 (ҳамин давраи соли гузашта 9) ҳолат, вилояти Суғд 150 (ҳамин давраи соли гузашта 146) ҳолат, вилояти Хатлон 166 (ҳамин давраи соли гузашта 189) ҳолат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 135 (ҳамин давраи соли гузашта 100) ҳолат.
Дар ҷумҳурӣ бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботи он дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим 1103 семинару машварат ва мизҳои мудаввар доир карда шуд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30, вилояти Суғд 416, вилояти Хатлон 529, шаҳри Душанбе 1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 127 чорабиниҳои мазкур баргузор гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол муқаддам- 8 июни соли 2007 қабул гардида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ба шумор меравад. Самти дигари қонун ҳамзамон ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал кардан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам бар фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор кард. Чун зиндагии ободу осуда мехоҳем, пас, биёед исрофкор набошем ва қабл аз ҳама қонунро риоя намоем!
Маҳфуза ДАВЛАТОВА,
котиби Комиссияи танзим