Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд
22 сентябр дар доираи иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қарори иҷлосияи навбатии Шуро сардори шуъбаи илм ва ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд.
Мукофотро Вазири саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон Бобир Исломов дар фазои тантанавӣ ба Собир Бобоев тақдим кард.
Собир Бобоев муҳандис-геолог буда, наздики 35 сол аст, ки дар мақомоти геологияи Тоҷикистон ҳамчун геолог, саргеолог, сардори гурӯҳ, муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯи аксбардории геологӣ», сардори шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридора фаъолият дорад. Аз соли 2013 дар мансаби сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор менамояд.
Мавсуф зиёда аз 20 сол аст, ки дар Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳм мегузорад.
Иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ анҷом бахшид. Дар фарҷом санади ҳамкории ниҳоӣ ба имзо расид.
Маркази матбуот