Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам ҳамкорон,
Ҳамасола дар мамлакат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Иҷозат диҳед, Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатию сарбаландиро таманно намоям.
Муайян гардидани ин рӯз ҳамчун "Рӯзи Президент" асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ҳамин санаи тақдирсоз рушди Тоҷикистон ва марҳилаи нави давлатдорӣ оѓоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Сиёсати давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон доранд.
Президент чеҳраи шинохтаи ин ё он давлату миллат буда, ифодакунандаи ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамгироӣ дар ҷомеа мебошад, ки тавассути ифодаи иродаи мардум ҳокимиятро соҳиб гаштааст. Ниҳоди президентӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ ва конститутсионию ҳуқуқӣ шинохта мешавад.
Дар солҳои мушкили пойдоршавии давлати миллии тоҷикон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҳкурсии онро мустаҳкам намуда, хатари ба сари тоҷикон омадаро аз байн бардоранд. Маҳз, 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Ба ин хотир ҳамасола дар мамлакат ин санаи муҳими таърихӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Кормандони соҳаи геология низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ мекунад.
Иҷлосияи 16 - уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид ва дар он шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти давлату миллат бахшиданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Нақши иҷлосия таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилоти ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст. Қарорҳои аввалини он бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчи зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Дар ҷаҳони муосир ҷомеа беш аз ҳарвақта ба неруи маънавию сиёсие ниёз дорад, ки тавонад дар мушкилтарин лаҳзаҳо онро роҳбару роҳнамо бошад. Чунин неру дар шароити муосири Тоҷикистон ниҳоди Пешвои миллат мебошад. Аз ин рӯ, пойдор нигоҳ доштан ва таҳкими мавқеи ин ниҳод барои ҷомеаи мо дар шароити муосири геополитикӣ амри зарурӣ мебошад.
Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бошад.