Точикистон аз маъданхои гуногун бой аст. Захирахои калони тилло, нукра, ангишт, сурб, рух ва дигар канданихои фоиданок мавчуданд.
Дар Тоҷикистон манбаъҳои геотермалӣ мавҷуд аст, ки барои обҳои гарм ва энергия истифода мешаванд. Фаъолияти геотермалии ин ҷо низ натиҷаи фаъолияти тектоникии минтақа мебошад.
Геологияи Тоҷикистон маҷмӯи беназири қаторкӯҳҳои кӯҳӣ, фаъолияти фаъоли тектоникӣ ва сарватҳои бои табииро намоиш медиҳад, ки ин кишварро ба макони муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи геология табдил медиҳад.

Пресс – релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024

Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ

 Саридора дар нимсолаи якуми соли 2024 омўзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рўи 29 лоиҳа ба маблағи 6 042 845,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли
2023 – 802 860,0 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115 фоизро ташкил медиҳад.

Корҳои шартномавӣ аз рўи 109 лоиҳа ба маблағи 8 156 844,0 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Дар маҷмўъ, ҳаҷми корҳои иҷрошуда бо усули хоҷагидорӣ 14 114 366,0 сомониро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи меҳнат дар давраи ҳисоботӣ 1929,0 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 235 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ зерсохторҳои Саридора корҳои омўзиши геологиро, ки аз гузаштани хатсайрҳои ҷустуҷӯӣ бо мушоҳидаи радиометрӣ, аксбардории топографӣ, аксбардории геологӣ, иктишофи магнитии миқёси 1:10 000, корҳои хандакканӣ, тозакунӣ ва ҳуҷҷатгузории онҳо, маҳакбардорӣ ва коркарди маҳакҳо, сохтмон ва барқароркунии роҳ, омодасозии майдончаҳои пармакунӣ, пармакунии пармачоҳҳо ва дигар корҳои ёрирасон иборат буданд, анҷом доданд ва ба натиҷаҳои   назаррас ноил гардиданд, Аз ҷумла:

- аз рўи натиҷаҳои ташхиси пробирии гузаронидашуда дар майдони маъдании Саримард  як ҷисми маъдании ғафсии 4 м бо файзнокии тилло 1,35 г/т, ду ҷисми маъданӣ бо ғафсии 12 м ва файзнокии тилло 0,78 г/т муайян карда шуданд. Корҳои саҳроӣ идома доранд.

- дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ натиҷаи ташхиси пробирии маҳакҳо файзнокии тиллоро аз 0,05 то 0,20 г/т, ва нуқра аз 0,98 то 5,69 г/т нишон дод, ташхиси кимиёвии  маҳакҳо бошад,   файзнокии сурмаро аз 0,05 то 5,06%   муайян намуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки объекти мазкур ояндадор мебошад ва корҳо идома доранд;

- Дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи геологӣ дар майдони Ошоба ояндадории он нисбати маъданҳои тилло ва нуқра дақиқи карда шуда,  захираи тилло бо категорияи С2 -423,0 кг,  Р1-1516,0 кг, Р2 -2139 кг (дар маҷмӯъ – 4078,0 кг)  ва захираи дурнамои нуқра 55772 кг ҳисоб карда шуд; 

- корҳои ҷустуҷӯию арзёбии тиллои обруфт дар майдони  маъдандори Оби Сурх ташхиси маҳакҳо файзнокии металлро аз 40 мг/м3 то 556,3 мг/м3-ро нишон дод ва муайян гардид, ки се қабати линзамонанди маҳсулнок мавҷуд мебошанд.

Воҳидҳои сохтории саридора дар баробари иҷрои лоиҳаҳои барномавӣ корҳои омӯзиши геологиро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои  «ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ», «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», «Зарафшон», «Талко Голд», «Нигоҳи оянда», «Рушди энержии Хайтоу» ва ғайра  дар объектҳои иҷозатномавии онҳо иҷро намуданд.

Саридораи геология дар давраи ҳисоботӣ бо 60 ширкат шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ, ки дар он бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 83 698 852,00 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 821 320,00 сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 84 520 173,00 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расонид.

 

Корҳои гидрогеологӣ  ва муҳандисӣ-геологӣ

Тибқи лоиҳаи “Кадастри давлатии об”  мушоҳидаи реҷавӣ дар 72 обанбор ва  мушоҳидаҳои такрорӣ дар 108 обанборҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Рўдакӣ, Файзобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Носири Хусрав, Дўстӣ, Шаҳритус, Қубодиён Ҷалолиддин Балхӣ, Вахш ва Кушониён гузаронида шуда, 40 маҳаки об барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Зарафшон мушоҳидаҳои аввала дар 19 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 51 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавии пармачоҳҳо 222 ченкунӣ  гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани мушоҳидаҳо 124 адад маҳак гирифта шуд,   таркиби химиявии обҳо мӯътадил арзёбӣ шуданд.

Лоиҳаи “Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ” дар давраи ҳисоботӣ  дар 411 деҳаҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 306 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кўчонидан дода шуд.

Инчунин, дар 24 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои вилояти Суғд тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ  гузаронида шуда, дар натиҷа ба 34 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кўчонидан дода шуд.

 

Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳои воҳидӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз рӯи нақшаҳои пешбурди корҳо ва талаботи бехатарии корҳои иктишофи геологӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин давра ягон ҳодисаи нохуш, риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии корхонаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

 

Кадрҳо

Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар Саридораи геология ва воҳидҳои сохтории он 675 корманд (хизматчиёни давлатӣ 42 нафар) фаъолият мекунанд, аз он ҷумла, роҳбарон 105 нафар, мутахассисон 242 нафар ва коргарон 328 нафар. Аз миқдори умумӣ 190 нафарашон занҳо мебошанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 71 нафар кормандон ба кор қабул шуданд.   Шумораи мутахассисони ҷавони то 35 сола 180 нафар буда, 48 нафари онро зан ва 132 нафарро мардон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо”-ро 79 нафар хатм намуданд.

 

Робитаҳои хориҷӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2024 роҳбарияти Саридораи геология бо намояндагони 14 ширкату ташкилотҳо ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мулоқот анҷом дод.

 

Мукотибот

Дар шаш моҳи соли равон ба Саридораи геология 123 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 супоришҳои хаттӣ ва протоколи  маҷлисҳои назди Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он,  230 супориши муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  10 нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 нусха аз Протоколҳои маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 тавзеҳот аз Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 фармон ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 Амри Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 Қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 92 барқияи вазорату идораҳо, 617 мактуб аз вазорату идораҳо, 627  ширкатҳо, 657 мактуб аз воҳидҳои сохтории Саридора, 8 ҳисобгирии омории муроҷиатҳои электронӣ, 4 ҳисоботи омории муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ), 12 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ, 1 ҳисоботи омории муроҷиатҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ. Қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти Саридора рузҳои шанбе ва рӯзҳои муайяншуда ба роҳ монда шуда, 17 нафар қабул карда шуданд.

Ҳамзамон 165 мактуб ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 671 мактуб ба вазорату идораҳо, 294 мактуб ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва 328 мактуб ба воҳидҳои сохтории Саридора ирсол карда шуд.

 

Натиҷаҳо

Дар Шўрои илмӣ-техникии саридора 53 мавод, аз он ҷумла 26 лоиҳа, 27 ҳисобот, 3- мактуб ва дар 2 ҷаласа таҳияи Атласи равандҳои зкзогеннӣ  баррасӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 мавод қарор дошт, ки аз онҳо ҳисоботҳои геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъданӣ- 5 адад, конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул – 35 адад, бозҳисобкунии захираҳои конҳо – 14 ҳисобот ва афзоиши захираи конҳо - 4 ҳисоботро ташкил дод.

Дар асоси ҳисоботҳои аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои  канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, резамармар, хоку алевролит ва омехтаи регу шағал тасдиқ гардида ба тарози давлатӣ гузошта шуданд.

Кормандони Саридора баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”  бо азму иродаи созанда фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти босуръати саноати ватанамон минбаъд низ кӯшишу ғайрат мекунанд.

Маркази матбуотӣ

 

Роҳбарият:
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-
Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон;
Муовини якуми сардор - Холзода Исомуддин Гул;
Муовини сардор – Ализода Алимаҳмуд Ғаффор;

Муовини сардор –Вализода Исмоил Султон.
Телефонҳо: 221-84-66;  888-08-34-16.

Хабарҳои охирин