Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори 29-умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Шуморо ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик мегӯям.
Мо хуб дар ёд дорем, ки ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат соли 1994 дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси вазъи сиёсии мамлакат бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи якдилонаи ҷомеаи навини Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ қабул гардид.
Қабули он истиқлоли давлатро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонида, чун шиносномаи миллату давлат кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Конститутсия дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин кард. Он нахустин ҳуҷҷати сарнавиштсози соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтаи давлати Сомониён қабул гардид.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишон дода шудаанд, аз ин рӯ, он дар таъмини истиқлоли давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор карданд, ки «Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлол халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид».
Воқеан, ин ҳуҷҷати барномавӣ дурнамои пешрафти давлати Тоҷикистонро муайян намуда, дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оѓоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа муайян карда шуданд.
Моддаи 13 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Тавре медонем, истифодаи дурусти сарватҳои зеризаминӣ, обҳои зеризаминӣ аз ҷониби Саридораи геология муайян карда мешавад.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус, беқурбшавии асъори миллии баъзе кишварҳо ва номӯътадил гардидани муносибатҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд, ки сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нақши калидӣ дошта, аз бисёр ҷиҳат мақоми давлатро дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ муайян менамояд.
Дар ин манзар, кишварҳое, ки дорои захираҳои зеризаминии бой мебошанд ва истифодаи захираҳои мазкурро ба таври самаранок ба роҳ мондаанд, тавонистанд ба кишварҳои пешрафтаи замони муосир табдил ёбанд.
Варақгардон намудани саҳифаҳои таърих шаҳодат медиҳанд, ки сарватҳои зеризаминӣ, олами набототу ҳайвонот, замин ва дигар боигариҳои табиӣ ҳама вақт дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, аз бисёр ҷиҳат муносибатҳои байниҳамдигариро муайян мекарданд.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи самараноки боигариҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, ҳамчун мақоми ваколатдор нақши калидӣ дошта, онро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 марҳила ба марҳила амалӣ карда истодааст.
Тадбирҳои аз тарафи Саридораи геология роҳандозӣ гардида имконият доданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро анҷом дода, майдонњои аз худ гардида ба он мусоидат менамоянд, ки ҳиссаи Саридораи геология дар саноатикунонии босуръати кишвар, бахусус дар соҳаи металлҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ ва дигарҳо бамаротиб зиёд карда шавад.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии самаранок дар самти идоракунии давлати сарватҳои зеризаминӣ нақши меҳварӣ дошта, метавонад бо гузаронидани ҷустуҷӯҳои геологӣ дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузорад.
Тавре ҳамагон шоҳидем имрӯзҳо дар баъзе мамолики ҷаҳон равандҳои номатлубе дида мешавад, пеш аз ҳама, ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқамандӣ доранд. Риоя нашудани қонуният аз ҷониби ин давлатҳо хатарҳои парокандагиву тақсимшавии кишварҳоро ба миён овардааст.
Хушбахтона, дар Конститутсияи мо арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардида, чун маҳаки фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ, нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.
Аз ин мо хулоса мебарорем, ки волоияти қонун – кафили зиндагии осоишта буда, риоя кардани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андоз ва пардохтҳои муайянкардаи қонун вазифа ва ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд буда, талаб менамояд, ки иҷрои дахлдор ва бечунучарои он аз тарафи ҳар як шахс таъмин карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро гирем ва ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар замина гузорем.
Бори дигар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.
Маркази матбуот