“Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ”-таҳти чунин унвон машварати омӯзишӣ доир гардид
Имрӯз, 8 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ /мастер-класс/ дар мавзӯи “Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ (Современные методы работы с геологическими данными)” баргузор гардид.
Машварат бо ташаббуси Саридораи геология баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои муваффақонаи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, дар якҷоягӣ бо ширкати бритониёгии “Seequent” доир карда шуд.
Дар машварат ба мутахассисони дастгоҳи марказӣ, зерсохторҳои Саридораи геология, роҳбарон ва намояндагони 60 ҷамъияту ширкати ватанию хориҷӣ, ки ба омӯзиши геологӣ ва каркарди конҳои канданиҳои фоиданок машғуланд, бо усулҳои муосири кор ва коркарди геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва дигар намудҳои маълумот, тамоюлҳои асосӣ ва навтарин асбобҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ омӯзонида мешаванд.
Машварати омӯзиширо директори техникии ширкати бритониёгии “Seequent”, геолог Александр Фролов гузаронида, дар охири Машварати омӯзишӣ ба иштирокдорон Сертификат дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки мақсад аз баргузории анҷумани мазкур аз таҳкиму густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак иборат буд.
Дар чаҳорчӯби анҷуман, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) танзим шуданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар доираи анҷуман бо директори генералии ширкати бритониёгии “Seequent” вохӯрӣ кард.
Дар мулоқот ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки дар Тоҷикистон барои намояндагони ҷамъияту ширкатҳои ватанию хориҷӣ, ки ба омӯзиши геологӣ ва каркарди конҳои канданиҳои фоиданок машғуланд, Машварати омӯзишӣ /Мастер-класс/ баргузор намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 январи соли 2021«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуда буданд, ки “дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудааст, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодааст, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест. Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин, назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминиро тақвият бахшад”.
Дар ин росто, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоб намудани захираи канданиҳои фоиданок, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии захираи канданиҳои фоиданок ва васеъ ҷорӣ кардани чунин барномаҳо дар соҳа чораҳои судманд андешад.
Гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот (кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ (Micromine, Datamine, Surpac) барои зиёд намудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва ба ин васила афзун гардонидани базаи ашёи минералӣ, инчунин барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон мусоидат менамояд.
Маркази матбуот