Боздиди роҳбарияти Саридораи геология аз кони молибдени ШТАТИ Калифорния
Дар доираи Барномаи роҳбарон-ширкаткунандагони байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои зеризаминии нодир» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 22-юми ноябри соли 2024 аз кони молибдени Glimax Molybdenum, Ширкати фаръии Freeport-McMoRan штати Калифорния боздид кард.
Ҳайати саридораи геология бо тарзи пешбурди корҳои омӯзиши геологӣ, технологияи муосири коркард ва истихроҷи маъдани молибден шинос шуда, ҳамзамон, аз озмоишгоҳи муосири таҳлили физикӣ-кимиёвии ин намудани маъдан дидан карданд.
Дар Барномаи роҳбарон-ширкаткунандагони байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои зеризаминии нодир» имкониятҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба лоиҳаҳои муҳими коркарди сарватҳои зеризаминии нодир, ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои зеризаминии нодир - лоиҳаи зерминтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои истихроҷи элементҳои металлҳои нодир, таҷрибаи пешқадами кор дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва идоракунии фаъолияти он, танзими экологии фаъолияти саноати кӯҳкорӣ, идоракунӣ ва фаъолияти ширкатҳои байналмилалии саноати кӯҳкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи коркарди сарватҳои зеризаминии нодир муҳокима гардид.
Тибқи барнома ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор майдонҳои истихроҷ, коркард ва истеҳсоли сарватҳои зеризаминии ИМА боздид хоҳанд кард.
Маркази матбуот