Барномаи ҳамкории Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро ба имзо расид
Дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки 9 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид.
Иштироки ҳайати Саридора дар Анҷуман ва намоиши байналмилалии "Саноати кӯҳии Ӯзбакистон ва Осиёи Марказӣ"
13-14 декабр дар шаҳри Тошканд Анҷуман ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» доир гардид, ки дар кори он сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардорони экпедитсияҳои иктишофи геологии Моғиён Ғолиб Шерализода, иктишофи геологии Помир Себарга Паноев, иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ Фирӯз Малахов иштирок намуданд.
Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони "Micromine"
4-5 август дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн» оғоз гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Австралия ва Фаронса ширкат доштанд.