Дар Шурои илмӣ-техникӣ Атласи равандҳои экзогениву геологӣ баррасӣ шуд
26 сентябр тањти раёсати раиси Шурои илмӣ-техникӣ /ШИТ/, сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-техникӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа чор масъала, аз ҷумла Атласи равандҳои экзогениву геологии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Паёми шодбошии сардори Саридораи геология бахшида ба Рӯзи Истиқлол
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо нерӯи баланди созандагӣ 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои нодир ва рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.
Истиқлол, пеш аз ҳама, худшиносии миллат ва озоди инсонро ифода менамояд. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки соҳиби давлати мустақил буда, дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муайянро доро мебошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолро азизтарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номида, таъкид карданд, ки: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба панҷ корманди соҳаи геология мукофоти давлатӣ тақдим кард
Имрӯз, 5 сентябр, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ корманди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар маросими тантанавӣ ба кормандони Саридора тақдим кард.
Пресс – релиз оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024
Самти корҳо ва нишондодҳои иқтисодӣ
Саридора дар нимсолаи якуми соли 2024 омўзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, амалӣ намуд. Корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рўи 29 лоиҳа ба маблағи 6 042 845,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли
2023 – 802 860,0 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115 фоизро ташкил медиҳад.
Пресс – релиз о деятельности Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан за первое полугодие 2024 год
Направление работ и экономические показатели
Главное управление геологии за первое полугодие 2024 года в соответствии с «Государственной программой развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2021-2030 годы», утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2021 года, №172, за счёт средств госбюджета проводило геологическое изучение недр по 29 проектам на сумму 6 042 845,0 сомони в объектах чёрных металлов, цветных металлов, драгоценных металлов, редких металлов, самоцветных и поделочных камней, гидрогеология, инженерная геология и геоэкология, по сравнению с соответствующим периодом прошлого года на 802 860,0 сомони больше и темп роста составило 115%.
Дар Саридораи геология бо истифодабарандагони қаъри замин ҷаласа баргузор гардид
Имрӯз, 15 июл дар Саридораи геология ҷаласа бо иштироки истифодабарандагони қаъри замин доир гардид, ки дар он рафти иҷрои омӯзиши геологӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа сардори Саридора, муовинон, сардорони шуъбаҳои геология, иқтисодӣ, назорати геологӣ ва фондҳои иттилооти геологии Дастгоҳи марказӣ, раиси Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захирањои канданиҳои фоиданок ва Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистон, роҳбарон ва шахсони масъул аз корхонаҳои дорои иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин барои омӯзиши геологӣ иштирок карданд.
Ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
9 июли 2024 сол дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар шашмоҳаи якум ва минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа раиси ҳайати мушовара, аъзои ҳайати мушовара ва сардорони шуъбаҳову бахшҳои Саридора иштирок карданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини сардори Саридора Алимаҳмуд Ализода доир ба натиҷаҳои фаъолияти Саридора дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҳисобот дод.
Байни Саридораи геология ва Хадамоти геологии назди вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми заминшиносӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум 3 июл дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Конференсияи байналмилалии ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар соҳаи илми заминшиносӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан, ки ба 10-солагии таъсиси Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳамкории СҲШ дар соҳаи илми заминшиносӣ бахшида шуда аст, ба имзо расонида шуд.