Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.
Нишасти матбуотӣ дар Саридораи геология
27 июл дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нахуст Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба фаъолияти Саридора дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мухтасар маълумот дод.
Шабакаҳои иҷимоӣ ва хатари инқилобҳои муосир
Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ татбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Барои мисол, як қатор давлатҳо шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Twitter, Instagram ва чанде дигаронро уҳдадор кардаанд, ки ҳама гуна иттилооти хусусияти террористию экстремистидоштаро дар муддати кутоҳ аз саҳифаҳои худ тоза намоянд. Бояд донист, ки ин талабот нисбат ба давлатҳои абарқудрат, пуштибонони ширкатҳои технологӣ ва шарикони стратегии онҳо татбиқ шуда истодааст. Шоҳидем, ки дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза даҳҳо видеоролику матолиби экстремистию террористи дар чунин шабакаҳо пахшу нашр мешаванд, аммо дар робита ба ин моликони шабакаҳои иҷтимоӣ бетафовутанд. Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташкили ҳаракатҳои эътирози соли 2011, замоне, ки мавҷи инқилобҳо кишварҳои арабиро фаро гирифта буд, баръало эҳсос мешуд. Он замон шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ба эътирозгарон имкон доданд, ки фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд ва одамони зиёдро ба эътироз даъват намоянд. Чунин вазъиятро таҳлилгарон инқилоби интернетӣ ва баъзан «инқилоби твиттери» ё «инқилоби фейсбуки» номида буданд.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Сардори шуъбаи умумӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115,80 сомонӣ.
- Сардори шуъбат ҳисобот ва молия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2115,80 сомонӣ.
- Сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 2155,80 сомонӣ.
- Мудири бахши хоҷагию маъмурӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1735,85 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи геология - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1517,00 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷаиҳои меъёрӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1577,00 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи умумӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1577,00 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ- 1577,00 сомонӣ.
РЕЗААХБОР оид ба фаъолияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023
Саридора дар давраи ҳисоботӣ омӯзиши геологии қаъри заминро тибқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №172 тасдиқ шудааст, идома дод. Зерсохторҳои он корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 27 лоиҳа ба маблағи 6 105 569,0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монд. Дар ин муддат корҳои шартномавӣ аз рӯи 149 лоиҳа ба маблағи 11 136 567,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85 323 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Саридораи геология
5 июли 2023 сол дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа раиси ҳайати мушовара, Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, корманди раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Аминзода аъзои ҳайати мушовара ва сардорони шуъбаҳову бахшҳои Саридора иштирок намуданд.
Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Ҳамаи Шумо ва дар симои шумо тамоми сокинони мамлакатро ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо осудагӣ, тандурустӣ ва ҳамдилиро таманно дорам.
“Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ”-таҳти чунин унвон машварати омӯзишӣ доир гардид
Имрӯз, 8 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе машварати омӯзишӣ /мастер-класс/ дар мавзӯи “Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ (Современные методы работы с геологическими данными)” баргузор гардид.
Машварат бо ташаббуси Саридораи геология баҳри татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои муваффақонаи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, дар якҷоягӣ бо ширкати бритониёгии “Seequent” доир карда шуд.