Захираҳои маъдани Тоҷикистон. Дар суҳбати геолог
Қаъри замини Тоҷикистон дорои захираи бойи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ буда, омӯзиш ва коркарди онҳо асоси пешбурди соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Дар омӯзиш ва муайян кардани захираҳои бойи табиӣ нақши геологҳо хеле бориз аст. Барои инъикоси фаъолияти заҳматталаби геологҳои тоҷик бо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат оростем, ки манзури хонандаи рӯзнома мегардад.
Конститутсияи Тоҷикистон чун бахтномаи миллат дар роҳи бунёди давлатдории навин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши таърихӣ дорад
Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кашшофони асрори заминро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геология хабар доданд.
Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Саридораи геология
Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Нурляминзода ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода кашоффони асрори заминро ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик гуфт.
Табрикоти Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ифтихори 29-умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорон ва ҳамкасбони азиз!
Шуморо ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, самимона табрик мегӯям.
Мо хуб дар ёд дорем, ки ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат соли 1994 дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси вазъи сиёсии мамлакат бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи якдилонаи ҷомеаи навини Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ қабул гардид.
Директори Маркази исломшиносӣ: «Мақсади марказии ҳар дин ҳидоят ба ғалабаи некӣ бар бадӣ аст ва рисолати ҳеҷ як дин дар асл бунёди давлат нест»
Замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ- демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ суиистифода менамояд. Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад. Дар ин таҳдиди марказонидашудаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷое ба ҳам иртибот пайдо менамоянд. Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад.
Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геология
5 октябр ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Саридораи геология, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», КВ «Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ» ва МД рӯзномаи «Ганҷ» иштирок карданд.
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара доир гардид
Имрӯз, 10 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Саридораи геология ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Саридораи геология доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳмоҳаи соли 2023 баргузор гардид, ки дар кори он Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовинон, сардорони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо, саргеологҳо, сармуҳосибҳо ва роҳбарони муассисаҳои Саридораи геология иштирок карданд.
Манфиатнокии сармоягузорӣ
Аз 21 то 25 сентябри соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми иқтисодии АвруОсиё-2023 доир гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода иштирок ва суханронӣ кард.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иктишофи геологӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти мамлакат яке аз муҳимтарин самтҳои пурқувват гардидани истиқлолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ҷалби сармояи хориҷӣ аз манфиат холӣ нест.